Взрыв мощностью около 1 кг тротила произошел в Кабуле

Дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон 20 нафар осеб дидаанд

1
(Таҷдидшуда 15:57 03.12.2014)
Бар асари ҳамлаи як маргталаб дар маросими ҷанозаи пешвои қабилае дар шимоли Афғонистон беш аз 20 тан ҷароҳат бардоштааст.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Аснои баргузории намози ҷаноза дар шаҳри Бағлон як фидоии маргталаб худро инфиҷор карда, чандин нафарро ярадор намуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ҳодиса дар ноҳияи Бурқа (Burka) сурат гирифта, то ин соат ҳеч гурӯҳе бо шумули "Толибон" масъулияти ин амали террористиро ба зимма нагирифтаааст.

Аминуллоҳ Амархел (Aminullah Amarkhil), сардори полиси вулусволӣ иброз доштааст, ки бар асари инфиҷор ду полис кушта шуда, 18 шаҳрванди осоишта ё ҷароҳат бардоштаанд, ё қурбон шудаанд.

Соли равон дар Афғонистон ҳодисаҳои марбут ба амалиёти террористӣ афзоиш ёфтааст. Соли 2013 бошад, беш аз 3000 нафар дар пайи инфиҷорҳо ҷони худро аз даст додаанд.

 

1
Барчаспҳо:
таркиш, Бурқа, интиҳорӣ, Бағлон, Толибон