Работа на клавиатуре, архивное фото

Ҳакерҳои Кореяи Шимолӣ барои Ким Чен Ин интиқом гирифтанд

9
(Таҷдидшуда 09:26 02.12.2014)
Ҳакерҳо аз Кореяи Шимолӣ чанд филми ҳанӯз ба намоиш набаромадаи як ширкати киносозии амрикоиро рабуданд ва ба ҷои навор дар экрани роёнаҳои ширкат ранги сурхи скелет пайдо гардид. Ба ин тариқ, онҳо ба филми комедиявӣ дар бораи пешвои кишварашон посух гуфтанд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳукумати ҶХДК хабари дар ВАО паҳншуда дар мавриди ҳамлаи ҳакерҳои кореягӣ ба ширкати киносозии "Sony Pictures"-ро, ки дар наздиктарин фурсат комедия дар бораи Ким Чен Инро ба маъраз мегузошт, рад накард, менависад РИА Новости.

Ба суоли даст доштани Кореяи Шимолӣ дар ин қазия намояндаи ҳукумати ҶХДк гуфт: "Интизор шавед, мебинед".

Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо, ки рӯзи 24 ноябр сурат гирифт, дар чанд роёнаи ширкати киносозӣ се ранги сурх бо навиштаҷоти "GOP", ки зоҳиран маънии  "посдорони сулҳ"-ро дорад, пайдо шуд.

Ба ғайр аз ин, аз хазина (сервер)-ҳои Sony Pictures чанд намунаи филмҳое, ки бояд намоиши онҳо дар моҳи декабр баргузор мешуд, рабуда шуд. Миёни ин наворҳои рабудашуда филми  "Энни", ки дар он ҳунармандони маъруф- Ҷейми Фокс, Кэмерон Диаз, Роуз Бирн, Бобби Каннавале ва дигарон нақш бозидаанд, мавҷуд ҳаст. Муаррифии филм мебоист 17 декабр сурат мегирифт.

Дар ҳоли ҳозир тафтиши қазияи дуздида шудани филмҳо ва ҳамлаи ҳакерҳоро Бюрои федералии тафтишот ва Вазорати амнияти миллии ИМА ба ӯҳда дорад.

Филми "Интервью" ("Мусоҳиба")-и коргардонҳо Эван Голдерберг ва Сета Роген дар бораи он нақл мекунад, ки барандаи як барномаи шоуи телевизиони амрикоӣ ва дӯсташ мехостанд аз Ким Чен Ин мусоҳиба гиранд, дар ин вақт корманди РМҶ (ЦРУ) ба онщо муроыиат карда, дархости куштани роҳбари Кореяи Шимолиро мекунад. Ин филм чанд дафъа аз ҷониби ҳукумати ҶХДК интиқод шуда буд, аммо вокунишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

9
Барчаспҳо:
Sony Pictures, Кэмерон, Кореяи Шимолӣ, ҶХДК, филм, Мусоҳиба, Интервью, ҳакер, Ким Чен Ин
Мавзуҳо:
Намоиши филми пурсарусадои “Мусоҳиба” дар ИМА оғоз гардид (3)