Эдвард Сноуден получил временное убежище в РФ сроком на один год

Сноуден - барандаи ҷойизаи «Тарзи дурусти зиндагӣ»

5
(Таҷдидшуда 10:06 03.12.2014)
Мукофоти “Тарзи дурусти зиндагӣ” дар соли 1980 таъсис ёфта, дар бахшҳои ҳифзи муҳити зист, ҳуқуқи инсон ва тандурустӣ тақдим мегардад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Шветсия корманди собиқи Хадамоти ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден ғоибона  мукофот барои "Тарзи дурусти зиндагӣ"-ро гирифт, менависад Right Livelihood Award Foundation.

Ин ҷойиза ба Сноуден "барои хидматҳо дар ростои фош кардани сирри мақомот ва таҳкими пояҳои ҷомеъаи демократӣ дода мешавад",- омадааст дар иттилоия.

Мукофоти "Тарзи дурусти зиндагӣ" дар соли 1980 таъсис ёфта, ҷойгузини ҷойизаи Нобел маҳсуб мешавад. Ҳамроҳ бо ҷойиза маблағи пулӣ дар ҳаҷми 310 ҳазор доллар ба барандаи мукофот тақдим мешавад. Он дар бахшҳои ҳифзи муҳити зист, ҳуқуқи инсон ва тандурустӣ супорида мешавад.

Мақомоти Амрико  Эдвард Сноуденро дар ифшои иттилои сиррӣ оид ба амнияти миллӣ айбдор мекунанд. Соли 2013 ӯ санадҳо дар бораи назорати электронӣ аз сӯи хадамоти кашфи Амрикоро дар ихтиёри чанд нашрия гузошт. Вашингтон барои он пойфишорӣ дорад, ки Сноуден аз Русия ба Амрико истирдод ва дар додгоҳ муҳокима шавад.

Пентагон дар як гузориши махфӣ эълом дошт, ки Сноуден 1,7 миллион санадҳои махфиро рабудааст.

5
Барчаспҳо:
истирдод, тарзи дурусти зиндагӣ, Пентагон, ИМА, Сноуден