Последствия обстрела Кировского района Донецка. Архивное фото.

Порошенко даъват кард, ки то 9 декабр оташбас эълом шавад

2
(Таҷдидшуда 09:18 08.12.2014)
Мақомоти Украина қаблан изҳор дошта буданд, ки 9-уми декабр ҷаласаи ҳаллу фасли авзоъи Донбас дар Минск баргузор мешавад, аммо намояндагони ҳукумати ҷумҳуриҳои худгардон таърихи нишастро 12 декабр таъин кардаанд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Пётр Порошенко, райисҷумҳури Украина бо Ҳайди Талявини, намояндаи гурӯҳи сеҷонибаи нишасти Минск аз САҲА мулоқот карда, хостори баргузории "ҳар чӣ зудтар"-и вохӯрии навбатӣ гардид, зеро то рӯзи сешанбе ба гуфти ӯ, оташбас эълон мешавад. Дар ин бора оҷонсии РИА Новости хабар медиҳад.

Масъулини ҳукумати Украина қаблан  изҳор дошта буданд, ки 9-уми декабр ҷаласаи ҳаллу фасли авзоъи Донбас дар Минск баргузор мешавад, аммо намояндагони ҷумҳуриҳои худгардон таърихи нишастро 12 декабр таъин кардаанд. Дар мулоқоти моҳи сентябрии гурӯҳи сеҷониба (Украина, ҳукуматҳои худгардон ва САҲА) тарафҳо тавофуқи мусолиҳаро ба даст оварданд, аммо чандин дафъа ин тавофуқ вайрон гардид.

"Президенти Украина таъкид кард, ки мулоқоти сеҷонибаи Гурӯҳ ҳар чӣ тезтар бояд баргузор шавад, то ин ки то рӯзи 9 декабр оташбас ба даст биёяд",- омадааст дар иттилои сомонаи райисҷумҳури ин кишвар.

2
Барчаспҳо:
нишаст, мулоқот, оташбас, гурӯҳи сеҷониба, САҲА, Талявини, Порошенко, Минск, Украина