Чжоу Юнкан (в центре) на встрече с Сергеем Мироновым. Архивное фото

Боздошти фасодкори "рақами як" дар Чин

2
(Таҷдидшуда 08:59 09.12.2014)
Аз гумонбар ва аъзои хонаводаи ӯ 14,5 миллиард доллар, 300 манзили зист бо нархи 1,7 миллиард юан ва 60 воситаи нақлиёт мусодира гардидааст.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ ва фасод вазири собиқи амнияти ҷамъиятии Чин Чжоу Юнкан боздошт ва дар ҳоли ҳозир аз сафи ҳизб хориҷ шудааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии иттилооти СинХуа.

Юнкан мансабдори аз ҳама сатҳи болост, ки бо гумони фасодкорӣ дар Чин дастгир гардидааст. Ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани интизоми ҳизбӣ, гирифтани ришва дар ҳаҷми калон, ифшои асрори ҳизбиву давлатӣ ва хиёнат ба ҳамсар муттаҳам дониста мешавад.

"Аз вазири собиқи амнияти ҷамъиятӣ 14,5 миллиард доллар, 300 манзили зист бо нархи 1,7 миллиард юан ва 60 воситаи нақлиёт мусодира гардидааст ",- қайд мекунад манбаъ.

Юнкан ҳамчунин дар ташкили омодакунии сӯиқасд ба ҷони Си Тзинпин гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Ведомости дар истинод ба Reuters. Ду сӯиқасд қабл аз таъини Тзинпин ба мақоми роҳбари Чин тарҳрезӣ шудааст.

Коршиносони масоили ҳизбӣ дар сӯҳбат бо СинХуа қайд карданд, ки КМ ҲКЧ (Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин) пас аз таҷлили рӯзи миллии Сарқонун (Конститутсия) дар қиболи Чжоу Юнкан чораҳои дохилиҳизбиро раво дида, волоияти қонунро ба ҷомеъа нишон доданд. Инчунин, ба ин васила тасмими ҷиддии Чин дар арсаи байналмилалӣ дар ростои мубориза бо фасод бозгӯ мешавад.

2
Барчаспҳо:
ришва, хиёнат, коррупсия, фасод, КМ ҲКЧ, СинХуа, Тзинпин, Юнкан, Чин