В.Путин и И.Каримов. Архивное фото

Путин дар Тошканд қарзи давлатии Ӯзбакистонро танзим мекунад

7
(Таҷдидшуда 14:31 10.12.2014)
Ҳадафи аслии боздиди расмии Владимир Путин ҳаллу фасли масоили марбут ба қарзи Ӯзбакистон, инчунин тавсеаи тиҷорати дуҷониба ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аст.

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия 10 декабр ҷиҳати баррасии масоили молиявии дуҷониба бо Ислом Каримов  ба Ӯзбакистон омад, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар меҳвари сӯҳбатҳои дуҷониба, масоили калидии таҳкими равобити Русияву Ӯзбакистон, қабл аз ҳама, дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарӣ қарор хоҳад дошт. Инчунин, райисҷумҳури  Русия ва ҳамтои ӯзбакаш дар масоили амнияти минтақа ва вазъи Афғонистон ҳам табодули назар мекунанд, иброз дошт Юрий Ушаков, ёвари президенти ФР.

Ба иттилои расида, зиёд кардани ҳаҷми табодули амвол аз масъалаи калидии нишасти сарони ду давлат маҳсуб мегардад. Гардиши мол миёни Русия ва Ӯзбакистон дар соли гузашта 9,4 %  (то 4 миллиард доллари ИМА) боло рафтааст. Тайи нӯҳ моҳи соли равон бошад, ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013 марзи 8,2 % —ро убур кард.

Қарор аст, ки Маскаву Тошканд чанд санад, аз ҷумла, созиши байнидавлатӣ оид ба ҳалли даъвоҳову ӯҳдадориҳои молиявиро барои солҳои 2015- 2019 ва созишномаи байнидавлатии натоиҷи таҳқиқи мусодираи маводи мухаддир, инчунин барномаи ҳамкорӣ миёни ВКХ-и ҳар ду кишварро  имзо кунанд.

Ба қавли Юшаков, ҷонибҳо дар мавриди танзими қарзи Ӯзбакистон ва ӯҳдадориҳои молиявии он ба тавофуқ хоҳанд расид, зеро Маскав барои Тошканд аснои пардохти қарзаш  тахфиф пешниҳод мекунад.

"Аз рӯи ҳисобу китоби мо ҳаҷми маблағи пардохтнашуда то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз он 500 миллион доллар қарз ва ҳудуди 388 миллиони дигар фойизҳои маблағи пардохт накардаи қарз мебошанд",- илова кард Юшаков.

7
Барчаспҳо:
танзим, қарз, баррасӣ, мулоқот, нишаст, ҷаласа, президенти Ӯзбакистон, президенти Русия, Ушаков, Каримов, Путин, Тошканд, Ӯзбакистон, Русия, Маскав