Представительство Европейского Союза в России

Назарсанҷӣ: 46 % аврупоиҳо мегӯянд, ки ИА аз ИМА камтар вобаста бошад

5
(Таҷдидшуда 14:42 22.12.2014)
Бар асоси назарсанҷие, ки оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik анҷом дод, аксари аҳолии Британияи Кабир ва Фаронса ба ин назаранд, ки Иттиҳоди Аврупо бояд новобаста аз ИМА амал кунад.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Шасту ду дарсади аҳолии Олмон аз амалкарди мустақилонаи ИА дар арсаи байналмилалӣ (новобаста аз фаъолияти ИМА) ҷонибдорӣ мекунанд. Инро натиҷаи таҳқиқи оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik тасдиқ менамояд.

Назарсанҷӣ аз 5 то 17 декабри соли 2014 аз сӯи оҷонсии ICM Research дар Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир сурат пазируфта, он 3013 одамро фаро гирифт.

Пурсидашудагон бояд назари худро ба суоли " Иттиҳоди Аврупо бояд дар арсаи байналмилалӣ новобаста аз ИМА амал кунад, ё камтар вобаста бошад ва ё дар ҳоли ҳозир ИА мустақилона тасмим мегирад? " посух мегуфтанд.

Дар маҷмӯъ, 46 % пурсидашудагон дар ин кишварҳо гуфтанд, ИА бояд новобаста аз ИМА ва мустақилона бояд амал кунад.

Таври мисол, 39 % пурсидашудагон дар Британияи Кабир ва 38 % фаронсавиҳо гуфтанд, ки кишварҳояшон бояд новобаста аз амалкарди ИМА тасмим бигиранд. 62 % дар Олмон ҷонибдори мустақилияти бештари ИА дар ин росто аст.

Ҳамин тавр, 28 % аҳолии кишварҳое, ки дар он ҷо назарсанҷӣ баргузор шуд, гуфтаанд ИА бе ин ҳам новобаста аз ИМА амал мекунад. Дар Фаронса ва Британияи Кабир — 34 % ва дар Олмон 15 % ҷонибдори ин фикр аст.

Ҳамзамон, 15 дарсади пурсидашудагон мегӯянд, ки ИА бояд  мустақилияти бештареро дар иртибот бо амалкарди ИМА соҳиб бошад. 13 % аҳолии Британияи Кабиру Фаронса ва 18 % дар Олмон аз ин пуштибонӣ кардаанд.

Тафсилоти бештарро дар тасвирбаён (инфографика) пайдо мекунед.

 

 

 

Что думают европейцы о действиях ЕС на международной арене. Инфографика
© Инфографика. Евгений Рындин
Что думают европейцы о действиях ЕС на международной арене. Инфографика

 

5
Барчаспҳо:
таҳқиқот, мегӯянд, фикр мекунанд, бар ин назаранд, назарсанҷӣ, ICM Research, Иттиҳоди Аврупо, Sputnik, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, ИА, ИМА, Русия