Даргириҳои кӯчагӣ

Ҳамлаи қазоқҳо ба деҳаи тоҷикнишини Қазоқистон

5
Бино ба гуфтаи навбадори Шӯъбаи корҳои дохилии ин вилоят, дар ҷамоати Ҷартитобин байни тоҷикон ва қазоқҳои сокини ин минтақа «нофаҳмӣ» рӯй дода, танҳо пас аз дахолати полис вазъият ором шудааст.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар ҷамоати Ҷартитобини ноҳияи Сариоғочи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ шаби 5-уми феврал бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастааст, менависад бахши қазоқии "Радиои Озодӣ".

Бино ба гуфтаи навбадори Шӯъбаи корҳои дохилии ин вилоят, дар ҷамоати Ҷартитобин байни тоҷикон ва қазоқҳои сокини ин минтақа «нофаҳмӣ» рӯй дода, танҳо пас аз дахолати полис вазъият ором шудааст.

Ба иттилои пулис, дар деҳаи Бӯстондиқ баъд аз куштори як сокини маҳаллӣ бетартибиҳои оммавӣ сар зада, гурӯҳе аз ҷавонон ба хонаҳои мардум ҳамла карда, чандин мошинро сӯзондаанд. Пулис мегӯяд, дар ин даргириҳо касе кушта нашудааст.  

Бетартибиҳо замоне шурӯъ шуданд, ки гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Интимоқ ба манзили сокинони Бӯстондиқ ҳамла кардаанд. Сабаб он шудааст, ки шаби 4-уми феврал дар наздикии Бӯстондиқ ҷасади сокини Интимоқ — Ортиқови 30-сола кашф шудааст. Ортиқов бо зарби корд ба ҳалокат расидааст. Дар ин куштор сокини 39-солаи деҳаи Бӯстондиқ, Норматов айбдор шуда, полис дар ҷустуҷӯи ӯст ва мегӯяд, ин қатл ангезаи маишӣ дорад.

Норматов, шаҳрванди тоҷиктабори Қазоқистон гармхонаи Ортиқовро ба иҷора гирифта буд ва байни ду нафар ихтилофе сар задааст.

Бархе аз ҷавонон талош кардаанд, ба қазияи тобиши байнмиллӣ диҳанд, зеро сокинони Интимоқ асосан қазоқ буда, дар Бӯстондиқ ба сурати умум тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Чандин нафар аз корбарони шабакаи YouТube чанд навори видеоро дар ин шабака нашр карданд, ки дар онҳо чанд нафари калтакбадаст ва хонаву мошинҳои оташгирифта ба назар мерасанд.

Торнамои Фарғона.ру мегӯяд, ин аввалин мавриди муҷозоти худсарона нест. Охири моҳи августи соли 2014 гурӯҳи ҷавонон аз деҳаи Мадании ноҳияи Сайрам ба хонаҳои сокинони деҳаи Қарамуруд ҳамла карданд. Баҳонаи онҳо ин буд, ки сокинони Қарамуруд пули дӯкондорони Маданиро надодаанд. Ҷанҷоли лафзӣ зуд ба занозанӣ печид ва ба он афроди зиёд ҳамроҳ гаштанд. Дар натиҷа чанд нафар захмӣ ва зиёда аз 15 мошин сӯзонда шуд.

5
Барчаспҳо:
мошин, хона, оташсӯзӣ, қазоқҳо, тоҷикон, қавмӣ, таниш, даргирӣ, пулис, Сариоғоч, Қазоқистон