Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Террористҳои “ДИ” 40 нафар суннимазҳабро дар Ироқ қатл карданд

3
(Таҷдидшуда 17:08 20.02.2015)
Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” таҷрубаи ваҳшатноки қатли оммавиро идома дода ин даъфа сокинони шаҳри Ал-Бағдоди дар вилояти шарқии Ироқ қурбонии террористҳо шуданд, ки дар миёни онҳо як корманди пулис ва чанд тан аз низомиён низ буданд.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тундгароёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар вилояти Анбари забтшудаи Ироқ ҳудуди чиҳил нафарро қатл карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Синхуа.

Ҷангҷӯён ба шаҳри Ал-Бағдоди ҳамла карда ҳудуди 40 нафарро аз қавми сунниҳо, аз ҷумла корманди пулис ва аъзои гурӯҳи ҳукуматии низомии "Ас-Сахва"-ро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи манбаъи Синхуа дар идораи маҳаллии амниятӣ, баъд аз қатл аҷсоди кушташуда сӯзонида шуданд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки 14 феврал ҷангҷӯён 33 нафарро, ки бештарашон аъзои "Ас-Сахва" буданд, қатл карданд.
Амалиёти низомӣ 13 феврал, вақте ки ҳудуди 25 ҷангҷӯи "ДИ" бо шумули фидоиён ба пойгоҳи ҳавоии Айн-Аль-Асад дар минтақаи Анбар, ки он ҷо ҳудуди 300 сарбози амрикоӣ қарор доранд, ҳамла карда карданд, оғоз шуд.

Тундгароён қисмати бузурги шаҳри Ал Бағдодӣ, ки дар наздикии пойгоҳи ҳавоӣ қарор ва муҳосираи он чанд моҳ идома дошт, забт карданд. Минтақаи Ал Анбар дар самти ғарб бо Сурия ва Ӯрдун ҳаммарз буда ва шаҳрҳои Эль-Фаллуҷа ва Эр-Рамади дар он ҷо дар оғози соли 2014 нахустин мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои "ДИ" қарор гирифтанд. То ҳол беш аз ду аз се ҳиссаи ин вилоят таҳти назорати ҷангҷӯён қарор дошта ҳамарӯза дар шаҳрҳо ва рустоҳо миёни низомиён ва гурӯҳҳои "ДИ" даргириҳо сурат мегиранд.

Тавсеъаи густурдаи "ДИ", ки манотиқи қобили мулоҳизаи Ироқ ва Сурияро забт кардааст, дар соли 2014 як аз мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ шуд. Ин гурӯҳ ба иттилоъи ИМИ ҳудуди 30 ҳазор ҷангҷӯро дар бар дорад. Дар манотиқи забтшуда хилофатро эълом карда ва талош дорад ҳудудҳои худро бештар кунад.

Ҷабҳаи умумии муқобала бо "ДИ" вуҷуд надорад: ба ҷуз аз иттиҳод бо ин гурӯҳ нерӯҳои давлатии Сурия ва Ироқ ва ҳамчунин курдҳои ироқиву суриягӣ меҷанганд. Дар пайи даргириҳо ҷанд ҳазор аз сокинони осоишта кушта шуда, садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд ва чанд ҳазори дигар дар дасти "ДИ" гаравгон афтодаанд.

3
Барчаспҳо:
қатли 40 нафар дар вилояти Анбари Ироқ, "Давлати исломӣ", Ироқ, Сурия
Мавзуъ
Як мақоми эронӣ: поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст
“Давлати исломӣ” амири Хуросонро таъин кард
Гурӯҳи “Марг” ба “Давлати исломӣ” ва “Толибон” ҷанг эълом кард
“Давлати исломӣ” барои ташаннуҷи вазъ дар ОМ $70 миллион ҷудо мекунад