Чатрбозони СПАД сафари тамринотӣ ба Арктикаро анҷом медиҳанд

© Sputnik / Владимир Баранов / Гузариш ба медиабонкНамуд аз чархболи Ми-8 ба уқёнуси яхбастаи шимолӣ. Акс аз бойгонӣ
Намуд аз чархболи Ми-8 ба уқёнуси яхбастаи шимолӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтуми апрел сад нафар чатрбозон (десантчиён)-и кишварҳои узви СПАД – Тоҷикистон, Русия ва Белорус барои бори нахуст дар таърих болои яхсанги бузурги уқёнуси яхбастаи Шимолӣ фуруд омаданд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Низомиёни нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД сафари ҷустуҷӯӣ ва омӯзишӣ дар қутби Шимолиро анҷом медиҳанд, хабар доданд ба РИА Новости дар вазорати дифоъи Русия.

Барои бори нахуст дар таърих ҳафтуми апрел сад нафар чатрбозон аз Русия, Белорус ва Тоҷикистон рӯйи яхсанги шинокунандаи уқёнуси яхбастаи Шимолӣ фуруд омаданд. Онҳо бо чатр аз ҳавопаймои Ан-76 замоне партоб шуданд, ки дар фазо ҳарорат минус 75 дараҷа буд. Ҳар яке бо худ то 50 килограмм бор дошт.

Нерӯҳои вижаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СПАД: омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд аст

Чатрбозон дар Арктика дар чорчӯби сафари башардӯстонаи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ қарор доранд. Ҳадафи озмоишӣ интиқол аз манотиқи барфпӯши уқёнуси яхбастаи Шимолӣ дар шароити изтирорӣ буд, пиёда — бо лижа таввасути нишебиҳои барфзада бо барфравак ва сагчанаҳо.

Низомиён ҳамчунин наҳваи убур аз оби сардро омӯхта таҷрубаи сохтмони пойгоҳи яхиро аз худ карданд. Дар ҷараёни тамринот чартбозон ҳамчунин "шаби" сардро (бидуни таҷҳизоти пойгоҳ) паси сар карданд.

Вести. Ру таъкид доштанд, ки сардии шимолӣ аз ҳама бештар чатрбозон аз Тоҷикистонро азият медод. Дар гурӯҳ онҳо ду нафар буданд.

"Мо аз кишвари офтобӣ ҳастем. Дар ин ҷо бори нахуст қарор дорем. Сард! Барои мо ширкат дар чунин тамринот каме душвор аст", — гуфт Ҷаҳонгир Ганҷалов, раиси бахши омодагии чатрбозони ҳавоии вазорати дифоъи Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки чатрбозони СПАД ғазои муққавии 5 ҳазор килокалорий дарёфт мекунанд. Ба онҳо нону ҳасиб, обмева, шоколад, карамел ва чойи гарм медиҳанд.

Бубинед, ки низомиён чӣ гуна болои яхсанги шинокунанда аз дохили ҳавопаймои Ил-76 партоб мешаванд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0