Бинои ВКХ ФР. Акс аз бойгонӣ

ВКХ ФР: ИА барои табъизи ВАО-и русӣ шароит месозад

2
(Таҷдидшуда 11:06 25.06.2015)
ИА ҳуқуқ ба озодии баёнро дағалона нақз карда, аврупоиёнро аз дастрасӣ ба иттилоъи алтернативӣ маҳрум месозад, изҳор доштанд рӯзи ҷумъа дар ВКХ ФР дар робита ба дурнамои муборизаи ИА ба таъсироти иттилоотии Русия.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо шароити вахимеро барои табъизи расонаҳои русӣ муҳайё месозад, иброз доштанд рӯзи ҷумъа дар ВУХ ФР дар робита ба дурнамои муборизаи ИА ба таъсироти иттилоотии Русия, менависад РИА Новости.

Ҳамзамон, дар баёния омадааст, ИА ҳуқуқ ба озодии баёнро дағалона нақз карда, аврупоиёнро аз дастрасӣ ба иттилоъи алтернативӣ маҳрум месозад.

Роҳбари гурӯҳи дипломатҳои аврупоӣ Федерико Могерини чанде  қабл ба кишварҳои аъзои ИА стратегияи муқобала бо таблиғоти Русияро пешниҳод карда буд.

"Пас аз маҳдудсозии доираи фаъолияти ВАО-и русӣ, Иттиҳодияи Аврупо шароитеи табъизомезро дар муқобили расонаҳои Русия ба вуҷуд овардан мехоҳад",- қайд мешавад дар изҳороти ВКХ ФР.

Аввоили баҳори соли равон роҳбароини ИА ба Федерико Могерини супориш доданд, ки то оғози ҷаласаи моҳи июни ташкилот дурнамои муқобала алайҳи "дурӯғпарокании русӣ" —ро дар мавриди инъикоси авзоъи Украина омода намояд.

2
Барчаспҳо:
ҳаводиси Украина, табъизи расонаҳои русӣ, муқобала алайҳи ВАО-и Русия, Иттиҳодияи Аврупо, Федерика Могерини, Украина, ИА, Русия