Биржа. Акс аз бойгонӣ

Moody's: уфти иқтисодӣ дар ФР ба бонкҳои ИДМ таъсироти манфӣ мегузорад

3
(Таҷдидшуда 12:46 16.07.2015)
Таъсироти манфӣ ба бонкҳо умдатан ба беқурбшавии арзҳои миллӣ дар бештаре аз кишварҳои ИДМ марбут аст. Мушкили аслии марбут ба беқурбшавӣ мизони баланди қарзҳо бо арзи хориҷӣ ба кишварҳое мебошад, ки умдатан воридоти арзӣ надоранд.

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Уфти иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт ба вазъ ва фаъолияти муъасиссоти молӣ дар шаш кишвари ИДМ дар солҳои 2015-2016 фишор хоҳанд овард, менависад РИА Новости бо истинод ба гузориши агентии байналмиллалии арзёбии Moody's.

"Мо пешбинӣ мекунем, ки коҳиши қиммати нафт ва уфти иқтисодӣ дар Русия ба бонкҳои кишварҳои узви ИДМ тавассути фишор ба арзҳои миллӣ, коҳиши мизони интиқолоти пулӣ аз муҳоҷирони кишварҳои ИДМ дар Русия ва коҳиши содирот аз кишварҳои ИДМ ба Русия фишор хоҳанд овард", — омадааст дар баёния аз суханони коршиноси Moody's.

Зикр шудааст, ки ин авомил дар арзёбиҳои феълии бонкҳои шаш кишвари баррасишуда дар ин гузориш бозтоб шудаанд: Белорус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон.

Таъсироти манфӣ умдатан дар пайи беқурбшавии арзҳои миллӣ дар бештаре аз кишварҳои ИДМ мушоҳида мешавад. Мушкили аслии марбут ба беқурбшавӣ мизони баланди қарзҳо бо арзи хориҷӣ ба кишварҳое мебошад, ки умдатан воридоти арзӣ надоранд, тавзеъ медиҳад хабаргузорӣ.

Ба эътиқоди Moody's, авомили номатлуби марбут ба беқурбшавӣ бештар ба бонкҳои Белорус, Тоҷикистон ва Озарбойҷон таъсир гузошта дар Ӯзбекистон, ки дар он ҷо назорати шадид арзӣ роҳандозӣ шудаасту беқурбшавии сӯм нисбати доллар батадриҷ сурат мегирад, чандон таъсири сахт нахоҳад дошт.

Ба ҷуз аз ин зикр мешавад, ки коҳиши арзиши нафт ба фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Озарбойҷон ва Қазоқистон таъсири манфӣ гузошта ба вазъи бонкҳои маҳаллӣ бетаъсир нахоҳад буд, ҳарчанд ҳифзи меъёри махориҷи давлатии Озарбойҷон ва Қазоқистон имкон медиҳад, ки ин тъсирот то андозае нарм карда шаванд.

3
Барчаспҳо:
арзёбии ҷадиди таъсироти бӯҳрон ба бонкҳои ИДМ, Moody's, Тоҷикистон
Мавзуъ
БРА: суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон камтар мешавад
БҶ: даромади сари аҳолӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи пойин қарор дорад