Forbes: Батурина- зани аз ҳама сарватманд дар Русия

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЕлена Батурина, Акс аз бойгонӣ
Елена Батурина, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ дар садри ҷадвали 50, ё ба истилоҳ топ-50-и занон қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҳамсари мири пешини шаҳри Маскав, бонуи туҷҷор Елена Батурина дар соли 2015 дар феҳрасти бойтарин занони Русия шомил гардидааст, менависад маҷаллаи Forbes.

Forbes: Билл Гейтс боз ҳам сарватмандтарин шахс дар дунё эътироф шуд

Сармояи ӯ миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар мақоми дуввуми сарватмандтарин бонуи Русия Наталя Лутсенко бо дороии $550 миллион ва муовини сарвари кулли ширкати "ТАИФ" Гузелия Сафина бо $430 миллион ҷойи севвумро ишғол кардаанд.

Ҳамчунин, дар рӯйхати мазкури маҷаллаи амрикоӣ директори генералии гурӯҳи ширкатҳои мавсум ба InfoWatch, бунёнгузори "Лабароториияи Касперский" Наталя Касперская ($270 миллион) ва теннисбоз Мария Шарапова ($240 миллион) низ ҷо гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0