Маҷлиси 71-уми ҷаласаи Ассамблеяи гкнералии СММ

Поси хотири Каримов: ҷаласаи Ассамблеяи СММ бо дақиқаҳои хомӯшӣ оғоз меёбад

38
(Таҷдидшуда 12:12 15.09.2016)
Яке аз ҷузъҳои асосии рӯзномаи маҷлиси 71-уми ҷаласаи Ассамблеяи Генералӣ, чуноне ки дар хабар омадааст, “поси хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов мегардад”.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ, ки санаи 16-уми сентябр баргузор мегардад, ба хотири президенти марҳуми Ӯзбакистон Ислом Каримов бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад портали ҳукуматии ҷумҳурӣ.

"Ба хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон ҷаласаи СММ бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз мешавад", омадааст дар хабар.

Яке аз ҷузъҳои асосии рӯзномаи маҷлиси 71-уми ҷаласаи ассамблеяи гкнералӣ, чуноне ки дар хабар омадааст, "поси хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов мегардад". Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҷаласа ҳайъати Ӯзбакистон баромад мекунанд.

Каримов санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ дар синни 78 солагӣ дар натиҷаи гирифтор шудан ба сактаи майнаи сар(инсулт) вафот кард. Ӯ дар зодгоҳи хеш тибқи оинҳои мусалмонӣ дафн карда шуд. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев таъин карда шудааст. Интихоботи президентии кишвар санаи 4-уми декабри баргузор мегардад.

38
Барчаспҳо:
Поси хотири Ислом Каримов, СММ, Дар ҷаҳон
Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
Мавзуъ
Шӯрои СММ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон муҳокима мекунад
Хадамоти амнияти СММ ҳодисаи инфиҷори назди сафорати Чинро дар Бишкек баҳс намуд