Актёри амрикоӣ Стивен Сигал шаҳрванди Русия гардид

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкҲунарманди амрикоӣ Стивен Сигал, акс аз бойгонӣ
Ҳунарманди амрикоӣ Стивен Сигал, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин қарори қабули актёри амрикоиро ба шаҳрвандии кишвар, ба имзо расонид

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik.Ҳунарманд ва коргардони амрикоӣ Стивен Сигал шаҳрвандии Русияро ба даст овард, фармони дахлдорро президенти Русия Владимир Путин ба имзо расонид.

"Сигал Стивен Федерика, ки санаи 10-уми апрели соли 1952 дар ИМА ба дунё омадааст, ба шаҳрвандии Федератсияи Русия қабул карда шавад",- омадааст дар хабар.

Пештар, Сигел ҳангоми ба минтақаи  Сахалински ҷанубӣ ба сифати меҳмони кинофестивали "Край света"  ташриф овардан,  ба рӯзноманигорон иброз дошт, ки ба вай Русия хело маъқул аст ва мехоҳад дар Сахолинск тиҷорати худро ташкил кунад ва дар оянда шояд шаҳрвандии Русияро ба даст орад.

Лентаи хабарҳо
0