Сайри ҷаҳон бо ВАЗ-2106: чор ҷавон 12 кишвари дунёро гаштанд

© Фото : Телеканал "360"Сайёҳати ҷавонони Томск дар Аврупо ва Африқо. Акс аз бойгонӣ
Сайёҳати ҷавонони Томск дар Аврупо ва Африқо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чор нафар ҷавонон аз шаҳри Томск бо мошини фарсудашудаи ВАЗ-2106, 12 кишвари Аврупо ва Африқоро давр заданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Чор ҷавони рус бо мошини ВАЗ-2106, 12 кишвари Аврупо ва Африқоро сайр карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи "360".

Ҷавонон дар доираи экспидитсияи Banjul Challenge  аз кишварҳои Аврупо ва Африқо дидан кардаанд.  Ин экспедитсия дӯстдорони автомошинаҳои кӯҳнаро ба ҳам меорад.

© Фото : Телеканал "360"Сайёҳати Аврупо ва Африқо бо мошини фарсуда
Энтузиасты из Томска совершили путешествие по Европе и Африке на ржавой шестерке - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳати Аврупо ва Африқо бо мошини фарсуда

Дар давоми 15 рӯз сайёҳон аз 12 кишвари Аврупо ва Авриқои Шимолӣ дидан карданд. Экспедитсия 23-юми декабри соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербург шурӯъ шуда буд. Ҷавонон аз шаҳри Санкт-Петербург то пойтахти Гамбия шаҳри Банжел мошинсаворӣ карданд.

Дар роҳ сайёҳон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Аз ҷумла дар Марокаш онҳоро намояндагони ҳифзи ҳуқуқ боздошта, ковтуков карданд. Дар сарҳади Сенегал бошад, онҳо аз дасти бандитҳо ба зурӣ халос шуданд.

© Фото : Телеканал "360"Сайёҳати ҷаҳон бо мошини кӯҳна-ВАЗ-2106
Энтузиасты из Томска совершили путешествие по Европе и Африке на ржавой шестерке - Sputnik Тоҷикистон
Сайёҳати ҷаҳон бо мошини кӯҳна-ВАЗ-2106

Зимни ба нуқтаи охири сафар расидан, ҷавонон мошини фарсудашудаи худро ба шаҳрвандони кишвари Авриқо тақдим карда, худ тариқи ҳавопаймо ба хона баргаштанд.

Лентаи хабарҳо
0