Вайрон кардани бино. Акс аз бойгонӣ

Биноҳои обод гарданд хароб: даҳ сония барои валангор кардани 19 бино

66
(Таҷдидшуда 10:11 23.01.2017)
Дар шаҳри Ухан, ки дар вилояти Хубэйи Чин ҷойгир аст, дар давоми даҳ сония 19 бинои бисёрошёна валангор карда шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бо мақсади сохтмони маркази тиҷоратӣ дар майдони 150 ҳазор метри квадратӣ, дар Чин 19 бинои бисёрошёнӣ дар давоми 10 сония тавассути таркиш валангор карда шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба The Daily Mail.

Барои яку якбора тавассути таркиш аз байн будани 19 бинои биёрошёнӣ, ки дар майдони 150 метри квадратӣ воқеъ буданд, наздики панҷ тонна тротил сарф шудааст. Маводи тарканда дар 120-ҳазор ҷойи бино гузошта шуда буд.  Нашриёт қайд менамояд, ки таркиши биноҳо санаи 21-уми январи соли ҷорӣ ба амал омад.

Дар ҷои биноҳои вайронкардашуда, сохтмони маркази тиҷоратӣ ва биноҳои баландошёнии то 707 мертӣ дар назар аст.

66
Барчаспҳо:
даҳ сония 19 бино, аз байн бурдани биноҳо, таркиш, Чин