Евровидение-2017  Сальвадор Собрал пирӯз шуд

Бе Русия: овозхони португалӣ Салвадор Собрал дар Евровидение-2017 пирӯз шуд

47
(Таҷдидшуда 13:51 14.05.2017)
Овозхони португалӣ Салвадор Собрал дар озмуни Евровидение-2017 бо гирифтани 758 хол пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Овозхони португалӣ дар бахши ниҳоии озмуни овозхонӣ "Евровидение-2017", ки дар шаҳри Киев баргузор шуд, бо иҷрои суруди Amar Pelos Dois мақоми аввалро соҳиб шуд.

Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости дар натиҷаи овоздиҳии доварон ва тамошобинон сарояндаи португалӣ холи бештаринро (758) гирифтааст.

Мақоми дуюм бо гирифтани 615 хол насиби овозхони 17-солаи булғорӣ Кристиан Костов гардид. Ҷои сеюмро  бо дарёфти 374 хол гурӯҳи овозхонии SunStroke Project аз Молдова аз худ карданд.

Ёдовар мешавем, ки омодагии Русия ба ин озмуни бонуфуз аз аввал мушкил буд. Ахиран мақомоти Украина ба Юлия Самойлова, ки бояд аз номи Русия ҳунарнамоӣ мекард вурудашро ба ба Украина ба муддати се сол баст. Сабабашро мақомоти Украина дар ҳунарнамоии ӯ дар Қрим мегӯяд.

Роҳбари кулли Шӯрои Урупо Ингрид Делтене бо таассуф иброз дошт, ки озмунро барои "бозиҳои сиёсӣ" истифода мекунанд.

"Озмун бояд ҳазорон дилро шод кунад, халқҳоро ба ҳам наздик кунад на ҷудо",-гуфт ӯ.

47
Барчаспҳо:
ҷои аввал, Салвадор Собрал
Мавзуъ
Сергей Лазарев эълом дошт, ки ба “Евровидение-2016” меравад
"Евровидение-2015": беҳтарин лаҳзаҳо
Швейтсариҳо ба довталабони “Евровидение” овоз медиҳанд, ки яке аз онҳо тоҷик аст