Трамп сабаби кушта нашудани Абубакр ал-Бағдодиро гуфт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкДональд Трамп, архивное фото
Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико Донад Трамп изҳор дошт, ки "мавзуъи бадбахти рӯзнома" аз амнияти миллӣ муҳимтар будаааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Кишвардори ИМА Доналд Трамп рӯзномаи "New York Times"-ро муттаҳам ба халалрасонӣ ба нақшаи аз миён бурдани раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абубакр ал-Бағдодӣ кард.

"New York Times кӯшиши нобуд кардани ягона теруристи байнулмилалиро вайрон кард. Мавзуъи бадбахти рӯзи онҳо аз амнияти миллӣ муҳимтар будааст", — навиштааст Трамп дар Твиттераш.

Абу Бакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: раҳбари ДИ ал-Бағдодӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ҷароҳат бардоштааст

Трамп тавзеҳ надода, ки паёмаш ба кадом воқеъа рабт дорад. Баъдтар рӯзнома ин суханони раисҷумҳурро шарҳ дода, гуфт, ки эҳтимолан ин изҳороти Трамп вокунише ба гузориши шабакаи Fox News бошад, ки чанде пештар аз изҳороти Трамп пахш шуда буд.

Дар ин гузориш фармондеҳи амалиёти вижаи ИМА Рэймонд Томас хабар додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА пас аз нобуд кардани вазири нафти ДОИШ — Абусуфён барои куштани ал-Бағдодӣ хеле наздик шуда буданд, вале бо айби расонаҳо ин кор даст надод. Чуноне манбаъ менависад сухан дар бораи маводе меравад, ки дар он New York Times дар бораи чигуна ба даст овардани маълумоти маҳфузи ИМА гузориш медиҳад.

Рӯзи ҷумъа вазири дифоъи ИМА Ҷеймс Мэттис изҳор дошт, ки фикр мекунад раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" зинда аст. Пештар шабакаи телевизюнии "ас-Сумария" 11 июл ба нақл аз манобеъи ироқӣ дар Найнаво хабари кушта шудани раҳбари ҳаросафканонро таъйид кард.

"Фармондеҳони ДОИШ дар баёнияе кӯтоҳ хабар додаанд, ки ал-Бағдодӣ кушта шуда ва ин гурӯҳ ба зудӣ ҷонишинашро муаррифӣ хоҳад кард. Аммо ҷузъиёте аз кушта шудани раҳбари ҳаросафканон ошкор нашудааст", — гуфта мешавад дар гузориши шабкаи "ас-Сумария".

Манбаъи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ДОИШ аз тариқи расонаҳои иртиботии худ баёнияи расмии марги ал-Бағдодиро барои фармондеҳони ин гурӯҳ дар Талафар фиристода ва аз онҳо хоста, баъд аз шикаст дар Мавсил ба муқовимат идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0