Ҷашни заношӯии ҳамҷинсгароён дар Макка ҷанҷол офарид

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСвадебные кольца на автомобиле
Свадебные кольца на автомобиле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси Арабистони Саудӣ чанд мардеро боздошт карда, ки барои ду ҳамҷинсгаро дар Макка ҷашни заношӯии бар по кардаанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҷашне, ки барои зану шавҳар шудани ду ҳамҷинсгаро дар шаҳри Макка баргузор шуда ва филмҳое аз он дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шудааст, воқеъият дорад, эълом кардааст рӯзномаи арабистонии "ал-Мадина".

Ба гузориши ин рӯзнома, нерӯҳои интизомиву амниятии Макка амалиёти бозҷӯии густардае барои пайгирии ин маросим роҳ андохта ва шуморе аз баргузоркунандагони онро боздошт кардаанд.

Расонаҳо ин маросимро "нахустин рӯйдоди заношӯии ошкорои ҳамҷинсгароён дар Арабистон" шумурдаанд.

Пулиси Макка гуфта, ки ин маросим, ки мардумро шигифтзада карда будааст, 5 январ дар яке аз марокизи тафреҳӣ ва ташрифотии ин шаҳри муқаддас баргузор шуда аст.

Гуфта мешавад, ин рухдод дар замоне рӯй дода, ки шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, рӯз аз рӯз маҳдудиятҳои иҷтимоъиро камтар кардааст. Чунончи, дар Арабистон пас аз таъсиси Ҳайъати саргармӣ, чанде аз овозхонҳои номдори арабӣ ва ғарбӣ консерт баргузор кардаанд.

Афзун бар ин, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ихтиёроти Ҳайъати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ё Пулиси мазҳабии Арабистонро низ камтар аз пеш кардааст.

Лентаи хабарҳо
0