Рӯзи 12 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1961 кайҳонаварди рус Юрий Гагарин аввалин маротиба дар ҷаҳон ба кайҳон парвоз анҷом дод.
Соли 1815 дар натиҷаи оташфишонии вулқони Тамбора беш аз 10 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
Рӯзи 12 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ доир намуданд.
Соли 2016 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.
Соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.
Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷашнҳои рӯзи 12 апрел
- Рӯзи умумиҷаҳонии авиатсия ва кайҳонавардон.
- Дар Қазоқистон рӯзи кормандони илм.