Зодрӯзи Файзигул Юсупова: 31 май дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 31 мая
День 31 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи 31 май, Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку ва мубориза бо нобаробарӣ буда, дар Русия – Рӯзи адвокатура, дар Туркманистон Рӯзи гилемҳои туркманӣ ва дар Бритониё Рӯзи баҳор мебошад

Рӯзи 31 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1850 дар Фаронса ҳуқуқи интихобкунии оммавӣ бекор карда шуд.
Соли 1859 соати Биг-Бен дар манораи машҳури Лондон насб гардида, аввалин маротиба ба кор дароварда шуд.
Соли 1879 дар Олмон аввалин маротиба дар ҷаҳон роҳи оҳани барқӣ ба истифода дода шуд.
© AP / Paramount PicturesФрагмент из фильма Титаник, архивное фото
Фрагмент из фильма Титаник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Фрагмент из фильма Титаник, архивное фото
© public domainТитаник, архивное фото
Титаник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Титаник, архивное фото
© Foto / 20th Century Fox Film Corporation (1997)Кейт Уинслет в фильме "Титаник".
Кейт Уинслет в фильме Титаник - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Кейт Уинслет в фильме "Титаник".
© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПосетители на выставке "Титаник: как это было. Погружение в историю" в ТРЦ "Афимолл-сити" в Москве.
Посетители на выставке Титаник: как это было. Погружение в историю в ТРЦ Афимолл-сити в Москве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Посетители на выставке "Титаник: как это было. Погружение в историю" в ТРЦ "Афимолл-сити" в Москве.
1/4
Фрагмент из фильма Титаник, архивное фото
2/4
Титаник, архивное фото
3/4
Кейт Уинслет в фильме "Титаник".
4/4
Посетители на выставке "Титаник: как это было. Погружение в историю" в ТРЦ "Афимолл-сити" в Москве.
Соли 1911 киштии мусофирбари "Титаник" бо зиёда аз 2200 нафар мусофир ба роҳ баромад, ки 270 метр дарозӣ, 30 метр паҳноӣ дошта, вазнаш 46 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Соли 1961 Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.

Рӯзи 31 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1960 корхонаи трансформаторбарории шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба истифода дода шуд.
День 30 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Рӯзи суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Бозор Собир дар бораи арзишҳои миллӣ: 30 май дар таърих
Соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) якдилона қабул намуданд.
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими расмии ба табъ расидани маҷаллаи чинии "Пули қора" баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ин ду кишвар маълумот дода мешавад.
День 29 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Зодрӯзи Бахтиёр Худоназаров: 29 май дар таърих
Соли 2016 зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт"-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши маргталабона дар шаҳри Кобул, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта дар моҳи шарифи Рамазон гардид, ба раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи таслият ирсол намуданд.
Соли 2018 Ташкилоти Ҷаҳонии Беҳдошт (ТҶБ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ҷашнҳои рӯзи 31 май

Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку.
Рӯзи байналмилалии мубориза бо нобаробарӣ.
Дар Русия – Рӯзи адвокатура.
Рӯзи гилемҳои туркманӣ дар Туркманистон.
Рӯзи баҳор дар Британияи Кабир.

Рӯзи 31 май кӣ ба дунё омадааст

Леон Баринштейн (1893-1976)- доктори илми тиб, прфессор.
Нелли Карасева (1924) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов (1906 – 1979) – доктори илми филологӣ, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷойизаидавлатии ба номи Сино.
Сергей Поляков (1932) – доктори илми таърих, профессор.
Эргаш Рўзиматов (1939 – 1998) – математик, профессор.
Сабзаҷон Шоисмоилова (1923 – 2002) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Файзигул Юсупова (1974)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Як сол дар асорати қумандон ва тир ба пой: фоҷиаи зиндагии Файзигул Юсупова - видео
Лентаи хабарҳо
0