Боррел: Кишварҳои G20 аз пуштибонии таҳримҳои Ғарб худдорӣ мекунанд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстреча главы МИД РФ С. Лаврова и верховного представителя ЕС Ж. Борреля
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова и верховного представителя ЕС Ж. Борреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Раҳбари дипломатияи аврупоӣ иқрор шуд, ки пуштибонӣ аз эҳсосоти зидди Русия дар байни кишварҳои узви "Бистгонаи бузург" дида намешавад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Мавқеи кишварҳои G20 дар робита ба амалиёти вижаи Русия дар Украина ва фишори таҳримӣ алайҳи Маскав бо ақидаи G7 мувофиқ нест.
Ҷозеп Боррел, раиси дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора пас аз анҷоми нишасти G20 дар Индонезия гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кишварҳои G20 эҳсоси зидди Русия будан ҳукмфармо нест.
"Ҷанги ҷаҳонии ривоёт дар авҷ аст ва мо ҳанӯз ғолиб наомадаем. Ҳамчун Иттиҳодияи Аврупо, мо бояд барои рад кардани дурӯғ ва таблиғоти низомии Русия кор кунем ва фаҳмонем, ки кӣ барои таҷовуз ва оқибатҳои он масъул аст",- афзуд ӯ.
Бо вуҷуди он, ки 140 кишвар, аз ҷумла G20, алайҳи амалиёти вижа изҳори назар карданд, аммо дар бораи чораҳо ва паёмадҳои бeҳрон дар Украина ақидаҳо гуногунанд, зеро бисёре аз G20 ба далели манофеи шахсӣ намехоҳанд ҷонибдорӣ кунанд.
Мирзаян: Попытки игнорировать Лаврова на саммите G20 показывают беспомощность Запада
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Мирзаян: Кӯшиши "нодида гирифтани Лавров дар нишасти G20 нотавонии Ғарб аст"
"Бисёре аз онҳо аз вазъи кунунӣ мутмаин нестанд ва намехоҳанд ҷониби Украинаро бигиранд, зеро ин ба манофеи геополитикии онҳо хатар эҷод мекунад",- гуфтааст Боррел
Ёдовар мешавем, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои G20 дар Индонезия ширкат дошт.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш ба ӯ муяссар шуд, ки бо ҳамтоёнаш аз Туркия, Аргентина, Бразилия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин мулоқот кунад.
Лентаи хабарҳо
0