Мақомоти Хуҷанд дар бораи корхонаҳои ифтитоҳшуда дар соли 2022 маълумот дод

© Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Обуна шудан
То охири соли 2022 шумори корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба 209 адад расида, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Ҳамин тариқ, дар маркази маъмурии вилояти Суғд то охири соли 2022 теъдоди корхонаҳои фаъол ба 209 нафар расидааст.
Барои ин кор 22,3 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим равона шудааст.
“Барои ба кор андохтани корхонаҳои нави хурду миёна, таҷҳизоти муосир ва хатҳои технологӣ муоссир истифода шуда, 289 нафар ба ҷойи кор таъмин гардиданд”, - гуфт манбаъ.
Дар мавриди истеҳсоли маҳсулот соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҳаҷми он ба беш аз 1,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Расчистка дороги Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Маҳдудияти ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд ва ташкили навбатдорӣ дар қитъаҳои хатарнок
Дар давоми сол, шумораи корхонадои тавлидоти маводи ивазкунандаи воридот низ афзуд. Дар ҳамин ҳол, 94 корхона ба маблаги 750,1 миллион сомонӣ махсулот истехсол кардаанд, ки назар ба соли гузашта 120,7 фоиз зиёд аст.
Ҳамчунин, 20 корхона ба хориҷи наздику дур маҳсулот содир карда, ҳаҷми содирот 389,5 миллион сомониро ташкил дод.
Бино бар афзоиши истеҳсолот номи маҳсулоти истеҳсолшаванда якбора 27 намуд афзуд.
Лентаи хабарҳо
0