Тағйироти куллӣ дар артиши Русия: шумора ба 1,5 млн нафар расонда мешавад

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2023
Обуна шудан
Дар Русия тақсимоти низомию маъмурӣ, афзоиши шумори ҳарбиён ва бозбинии барномаҳои омӯзиши артиши кишвар ва дигар тағйирот дар назаранд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Татбиқи тағйироти васеъмиқёс дар артиши Русия то соли 2026 дар назар аст, иттилоъ дод вазири мудофиаи кишвар, Сергей Шойгу.
Ӯ зимни ҷаласаи Вазорати мудофиа изҳор дошт, ки афзоиши шумори нерӯҳои мусаллаҳ ба 1,5 млн нафар расонда шуда, тақсимоти низомию маъмурии Русия бозбинӣ мешавад. Татбиқи ин иқдом аз соли 2023 то соли 2026 амалӣ шаванд.
Аз ҷумла ба гуфтаи вазир ҳавзаҳои низомии Маскаву Ленинград ташкил хоҳанд шуд ва таркиби ҷангии тамоми намуди нерӯҳо таҳким бахшида мешавад.
Таъкид гардид, ки дар музофотҳои нави Русия нерӯҳои худкифои низомӣ ташкил карда мешаванд.
Ба гуфтаи вазир, афзоиши теъдои нерӯҳо, ки бо дастури президент сурат мегирад, кафолати амнияти низомии кишвар ва минтақаҳои ҷадиди онро таъмин хоҳад кард.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Небензя - Украина ба як ширкати хусусии низомии НАТО табдил ёфт
Ӯ афзуд, ин тағйирот аз тамоми муовинони вазир, фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳ, фармондеҳони ҳавзаҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ тасмимгириҳои босалоҳиятро тақозо мекунад.
Шойгу ба он таваҷҷуҳи махсус дод, ки тамоми тадбирҳо бояд дар нақшаи ҳамаҷонибаи афзоиши таркиб ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия мутамарказ карда шаванд.
Интиқолу таъминоти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус тибқи фармоиши мудофиаи давлатӣ ҳамоҳанг карда шаванд. Бунёди инфрасохтор барои истиқрори нерӯҳо ва таъмини захираҳои мувофиқ таъмин гардид, илова намуд Шойгу.
Дар доираи тағйирот ҷалби бештари сарбозону низомиён аз тариқи қарордод, зиёд кардани теъдоди тамрингоҳҳо ва бо назардошти ниёзҳои артиш бозбинии барномаҳои таълимӣ дар назар мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0