Ғарб кушиш дошт кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро “оташ” занад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПослание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумзури Русия дар паёмаш ба парлумон гуфт, ки Ғарб талош дошт кишварҳои пасошӯравиро "оташ" занад ва вазъи ин кишварҳоро ноором созад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғарб мехост вазъи кишварҳои пасошӯравиро ноором кунад, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёмаш ба маҷлиси федералӣ.
"Муҳим он дар чист: дар тӯли тамоми солҳо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ғарб аз кӯшиши “оташ” задани давлатҳои пасошӯравиро даст накашид ва аз ҳама муҳим дар он аст, ки ниҳоят Русияро, ки ҳамчун қисми бузургтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ҳифз шудааст ,нобуд кунанд", - гуфт Путин зимни паёмаш ба Маҷлиси федералӣ.
Владимир Путин паёми солонаашро ба Маҷлиси Федералӣ (парлумон) ироа кард. Имсол паёми кишвардори Русия дар толори Қасри меҳмондорӣ баргузор шуд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин гуфт, Русия барои бо роҳи сулҳ ҳал кардани масъалаи Донбасс тамоми чораҳоро андешид
Намоиш тавассути шабакаҳои телевизионии федералӣ мустақиман пахш карда мешавад ва дар платформаҳои онлайн низ ҳар кас метавонад онро тамошо намояд.
Кишвардори Русия дар бораи вазъи ҷаҳон ва иқтисод ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ суханронӣ кард.
Вай дар суханронии худ ба мавзӯи амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина низ суҳбат кард.
Бори охир Путин паёми худро моҳи апрели соли 2021 ироа карда буд. Дар моҳи декабри соли 2022 маълум шуд, ки паём то соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0