Беҳрӯз шикаст хӯрду Сомон барои нишони биринҷӣ мубориза мебарад

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 Тоҷикистонро чор ҷудокор намояндагӣ намуданд, ки аз байни онҳо танҳо Сомон аз идомаи рақобат маҳрум нашуд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков ҷудокори тоҷик қариб ба даври финалӣ роҳ меёфт, вале аз рақиби австрягӣ шикаст хӯрда, ҳоло барои нишони биринҷӣ рақобат мекунад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Беҳрӯз Хоҷазода , Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ намуданд.
Аз байни ин чор ҷудокор танҳо Маҳмадбеков ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Ӯ то расидан ба ин давр ҳарифони худ аз Миср, Украина ва Ӯзбекистон шикаст дод. Рақобати навбатии ӯ барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо ҷудокори австрягӣ Шамил Борчашвили сурат мегирад.
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Эмомалии Нуралӣ барандаи "Tashkent Grand Slam 2023" шуд - видео
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 зери вазни то 66 кг Эмомалии Нуралӣ барои Тоҷикистон нишони тилло гирифт.
Зимнан, рӯзи 5 март ба майдони набард Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Иброҳимҷон Элмуродов ва Темур Раҳимов -ҷудокорони тоҷик мебароянд.
Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ дар даври аввал рақобатҳоро оғоз мекунанд. Ҷаҳонгир дар даври аввал бо Марсело Гомес аз Бразилия ва Комроншоҳ бо Озодбек Муродов аз Ӯзбекистон рӯи татами барои роҳ ёфтан ба даври дуюм талош меварзанд.
Иброҳимҷон ва Темур бошанд, рақобатҳоро дар даври дуюм оғоз менамоянд. Иброҳимҷон дар даври дуюм бо Гела Заалишвилии гурҷӣ ва Темур Раҳимо бо ғолиби ҷуфти Исломбек Равшанқулов аз Ӯзбекистон ва Эрик Абрамов аз Олмон сабқат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0