Сипосгузории Маскав аз кишвардорони Осиёи Марказӣ

© Foto / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и Эмомали Рахмон
Президент РФ В. Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Михаил Галузин қайд кард, ки Русия ва Осиёи Марказиро на танҳо таърихи муштарак, балки баробарҳуқуқӣ, ки ба иттифоқ ва шарикӣ асос ёфтаанд, ба ҳам мепайвандад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки раҳбаронашон ба Паради Ғалаба дар Маскав омадаанд, изҳори сипос карда, онро қадами наҷиб унвон кард.
Вай дар ин бора зимни суханронӣ дар Конфронси III-уми Осиёи Марказӣ дар клуби мубоҳисавии "Валдай" изҳор дошт.
"Дар ин замина, ташрифи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гузашти низомии Рӯзи Ғалаба хеле рамзӣ аст. Ва бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам бори дигар ба дӯстони Осиёи Марказӣ барои ин иқдоми нек миннатдории самимии худро баён кунам", — гуфт Галузин.
Вай ҳамчунин дар бораи равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ карда, қайд намуд, ки "барои мо ин як минтақаи ҳамҷаворест, ки бо таърихи муштарак бо он, системаи бисёрсатҳа ва густурдаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва баробарҳуқуқ асос ёфтааст".
Сарони ИДМ дар намоиши 9 май дар Маскав – Ғалабаи Бузург боиси ғалабаи рӯзмарра шуд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 май дар Рӯзи Ғалаба дар Маскав раҳбарони Арманистон, Белорус, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳузур доштанд.
Лентаи хабарҳо
0