Шабе дар осорхонаи Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии "Шабе дар Осорхона" 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май доир мешавад, 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон иқдоми байналмилалии "Шабе дар Осорхона" баргузор шуд.
Дар доираи иқдоми байналмилалии "Шабе дар Осорхона" дар толорҳо, роҳравҳо ва саҳни Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои Осорхонаи миллӣ, нигораҳои "Шоҳзодаи Фархорӣ", "Маликаи Сосониён –Бурондӯхт", "Умари Хайём ва Абурайҳонӣ Берунӣ", "Дарси устоду шогирд –хушнависӣ", намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ ташкил карда шуд.
Сокинони Душанбе бо фарҳанги тоторҳо ошноӣ пайдо карданд - видео
Инчунин дар ин шаб барои тамошобинон, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар дастон "Ҳино", фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ, оши палав, намоиши "олами вуҳуш", инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи "Космо ленд" ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии "Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон" намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории иқдоми “Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Германия оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Франсия, Англия ва Русия доир гардид. Ин иқдом дар Тоҷикистон бори нахуст, баъд аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013, тибқи анъанаи касбӣ, баргузор шуд.
Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бозсозӣ мешавад
Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ 18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо икдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона”-ро баргузор менамояд.
Ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта шуда, аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0