Муовини вазири хориҷаи толибҳо: иҷоза намедиҳем Эрон аз банди “Каҷакӣ” дидан кунад

© Фото : twitter account of Inamullah SamanganiЗаместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай
Заместитель министра иностранных дел Афганистана Аббас Станакзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Муовини вазорати хориҷаи толибҳо ахиран гуфт, ки ин гурӯҳ ба мақомҳои Эрон иҷоза намедиҳад, ки аз банди “Каҷакӣ” дар вилояти Ҳилманд боздид кунанд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷаи толибҳо Шермуҳаммадаббос Станакзай мегуяд, ки марокизи низомӣ ва банд аз маҳаллоти ҳассос ҳастанд ва толибҳо иҷоза намедиҳад " аъмурони хориҷӣ" аз онҳо боздид кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои хабарии Кобул.
Ба иттилои манбаъ, муовини вазири умури хориҷаи толибҳо бо ишора ба танишҳои фароянда бо Эрон дар бораи ҳаққоба Ҳилманд гуфт, ки ҳукумати Афғонистон ба қарордоди соли 1351 мутаъаҳҳид аст; машрут ба ин ки дар Афғонистони оби кофӣ дар Ҳилманд вуҷуд дошта бошад.
Ӯ дар ин мусоҳиба эълом кард дар чаҳор - панҷ соли гузаштаи хушксолии васеъ дар Афғонистон дар тамоми минтақа рух дода ва ҳатто дар банди “Каҷакӣ” оби кофӣ вуҷӯд надорад.
Река Кура в Азербайджане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Ҳушдори Эрон ба толибҳо: Як моҳ барои озодсозии ҳақобаи Ҳирманд муҳлат доред
Дар рӯзҳои гузаштаи танишҳои лафзии миёни ҳукумати толибҳо ва Эрон бар сари ҳаққобаи Ҳилманд боло гирифтааст то ҷое, ки Иброҳим Раисӣ ихторе дар бораи зарурати боз кардани об аз сӯйи толибҳо содир кард, ки бархе афроди толибҳо онро ба тамасхур гирифтанд.
Раисҷумҳури Эрон ба толибон ҳушдор дод, ки ҳаққобаи Эронро бидиҳанд ва "баъдан гилоя накунанд, ки гуфта нашуд".
Дар ҳамон рӯз, толибҳо дар посух ба изҳороти Иброҳим Раисӣ дар баёнияе навиштанд, ки дар рӯдхонаи ҳилманди оби кофӣ вуҷуд надорад.
Эрон аммо ин иддаои толибҳоро қабул надорад ва гуфта, ки коршиносони эронӣ бояд камбуди обро тайид кунанд.
Лентаи хабарҳо
0