Барқосо сӯи ояндаи "сабз": Бозори электрокарҳо дар Тоҷикистон чӣ зарфият дорад?

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЭлектромобиль, архивное фото
Электромобиль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Барои он ки “нақлиёти сабз” аз мӯди афроди доро ба майлони дастрас табдил ёбад, барои соҳа инфрасохтору дастгирии давлатӣ ва ба мизоҷон қарзҳои арзон заруранд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Чанде пеш Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар бораи нақшаҳояш бобати ба роҳ мондани тавлидоти нақлиёти сабукрави барқӣ – электромобилҳо эълом дошт.
Чунин ташаббус дар мулоқоти вазирон – мутасаддиёни иқтисод ва савдои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи мулоқоти “Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна” дида баромада шуд.
Аз афташ, дар нақшаҳои Тоҷикистон – табдил додани кишвар ба яке аз паҳнкунандагони нақлиёти барқӣ ва гибрид байни давлатҳои ОМ мебошад.
Чунин мароқзоҳиркунӣ ба ин соҳа - нафақат ғамхориест нисбати муҳити зист, балки чун заруриятест иҷборӣ. Ҳамсояҳои Тоҷикистон дар минтақа – ба истиснои Қирғизистон – кишварҳои истихроҷкунандаи газ мебошанд, яъне ки ба сӯзишвории карбогидридии арзон дастрасӣ доранд.
Выбросы парниковых газов в странах Евразийского региона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Миқдори партовҳои газҳои гулхонаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон дар куҷост?
Тоҷикистон бошад наметавонад бо доштани конҳои зеризаминии “сӯзишвории нилгун” фахр намояд, аммо аке аз пешсафони минтақаи ОМ дар истеҳсоли қувваи барқ мебошад ва табиист, ки ба он бояд ҳавасманд бошад, ки “нақлиёти сабз”-ро рушд диҳад.
Аммо, барои он ки нақлиёти барқӣ нафақат дар Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ маъмулӣ шавад, ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба истеҳсолкунандагон лозим аст бисёр заҳмат кашанд.
Sputnik қарор дод дар ин хусус андешаҳои истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон (дилерон) ва намояндагони саноати мошинсозиро дар бораи ояндаи рушди ин соҳа дар Тоҷикистон пурсон шавад.

Дар истифода арзон – оғозаш гаронарзиш

Бо назардошти он, ки аслан элекрокарҳо ё худ нақлиёти барқӣ ва ҳам нақлиёти якҷоя ва ё худ гибрид – ин нақлиёти тоифаи бюҷетӣ нест, самти афзалиятнок барои давлат имрӯз рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Табиист, ки корро дар ин ҷода аз пойтахт оғоз намуданд.
“Дар доираи барномаи “Шаҳри сабз” шаҳрдорони Душанбе 104 троллейбуси беноқил ва якчанд автобусҳои барқӣ ва ё худ, ба истилоҳ, электробусҳоро харидорӣ намуданд, ” - хабар дод муовини раиси шаҳр Фирдавс Саидзода.
Ҳамагӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор қабул кард 500 адад автобусҳои хатсайриро ба электробусҳо иваз намояд ва ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро то соли 2028 ба пуррагӣ иваз намояд,- мегӯяд таҳлилгари иттиҳодияи калонтарини тоҷикиву туркии "Акиа Авесто" Сӯҳроб Ширинов.
Ӯ гуфт, айни замон дар истеҳсолоти ширкат 30 электробус қарор дорад, ва санҷишҳои аввал нишон доданд, ки дар таваққӯи дарозмуддат истифодаи ин намуди нақлиёт арзонтар аст.
Зарядка электромобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Афзоиши вуруди худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон
“Дар соли 2021 мо намунаҳои аввалини электробусҳоро дар хатсайрҳо мавриди истифода қарор додем. Ва дар муқоиса бо автобусҳои бо сӯзишвории дизелӣ кор мекарда, сарфи сӯзишворӣ ба 10 маротиба арзонтар аст", - гуфт коршинос.
Вай тавзеҳ дод, ки агар барои автобуси сӯзишварияш дизелӣ хароҷот ба 100 км тақрибан 400 сомонӣ бошад, пас барои нақлиёти ҳамсони барқӣ барои тай намудани ҳамин масофа ба андозаи 40 сомонӣ барқ сарф мешавад.
"Агар гап дар сари хизматрасонӣ бошад, пас аз рӯи ҳисобу китоби мо ҳини рушд ёфтани шабакаҳои хизматрасонӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои солона ба 30% арзонтар хоҳад буд”, - зикр менамояд Ширинов.
Дар назар, фақат фоида болои фоида. Лекин, ин ҷо ду нуктаи муҳим ҳаст, ки бо тезӣ ҷорӣ намудани технологияи “сабз”-ро дар тамоми Тоҷикистон муаммобор месозад.
Якум – ин арзиши худи электробусҳо. Ба ҳисоби миёна, вобаста аз намудуш ва маҷмааи ба он ҳамроҳ мешуда автобусҳои муқаррарӣ 2-3 баробар арзонтар аз электробусҳо мебошанд. Вақте шаҳрдории Маскав гузариш аз троллейбусу автобусҳо ба электробусҳоро муаррифӣ менамуд, чунин ҳолат дар Русия низ ҷой дошт.
Бо назардошти он, ки тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ, як электробус 33 миллион рубл меистод, троллейбус бошад – наздик 17 миллион рубл, ва автобуси маъмулии дизелӣ – қариб 10 миллион рубл, байни мутахассисони соҳаи нақлиёт бобати он, ки то кадом дараҷа технологияи “сабз” дар истифодабарӣ арзон бошад, то ки ин фарқиятро пӯшонад, баҳсҳои гарме ба миён омаданд.
Нуктаи дигар – ин бунёди зерсохторҳо барои хизматрасонӣ ва таъмири нақлиёти барқӣ.
Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром госсовета КНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Тоҷикистон аз Чин чӣ дархост кард?
“Барои рушд пеш аз ҳама нуқтаҳои барқпуркунӣ ва ҳам таъмир лозиманд. Зеро ин намуди нақлиёт маҷмааи хизматрасонии тамоман дигар дорад, таъмираш ҳам дигаргуна аст. Ва аён аст, ки пеш аз ҳама сухан дар бораи нуқтаҳои барқпуркунӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои боэътимод меравад, ки кори мӯътадили трансформаторҳоро таъмин карда тавонанд”, - қайд Ширинов.
Чунин истгоҳҳо ё худ нуқтаҳои хизматрасонӣ арзиши ҳангуфт ҳам доранд. Агар боз ҳам таҷрибаи Маскавро гирем, он ҷо арзиши як платформаи барқпуркунӣ то 12 миллион рубл – қариб нисфи арзиши электробусро – дорад.
Воқеан, шаҳрдорони маскавӣ бештар воридотивазкуниро рушд дода, кӯшиданд аз таҷҳозотҳои истеҳсоли русиягӣ истифода баранд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон оқилонатар мебуд, агар аз намудҳои электробус ва истгоҳҳои барқпуркунии нисбатан арзони истеҳсоли Чини ҳамсоя истифода баранд.
Боз як афзалияти Тоҷикистон ки сарборӣ дар истифодабариро камтар мекунад - ин иқлимаш аст. Боду ҳавои гарм ва хушк имкон медиҳад гармкунии салони автобус ҳатто дар мавсими тобистону зимистон (ки одатан бо дизел гарм карда мешуд) қариб ки зарур намешавад, ва батареяҳои нақлиёт дар чунин боду ҳаво ба маротиб сусттар холӣ мешаванд.

Панҷсолаи “сабз”-и Тоҷикистон

Дар ҳама ҳолат, гузариш аз сӯзишвории дизелӣ ба барқ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳарчанд як қатор афзалиятҳоро дорост, вале хеле гаронарзиш ҳам аст ва дуру дароз хароҷоташро мепӯшонад. Ва он ҳам фақат дар он сурате, ки агар ин гузариш тариқи умумӣ бошад.
Ҳоло бошад, фақат Душанбе имкони чунин сармоягузориро ба худ дода метавонад. Дар минтақаҳои боқимондаи Тоҷикистон – ҳатто дар Хуҷанди аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват низ, бе дастгирии ҷидии давлатӣ кор пеш намеравад, мегӯянд таҳлилгарон.
“Ҳарчанд, хизматрасонӣ арзон бошад ҳам, хароҷоти аввала нисбат ба автобусҳои дизелӣ зиёд хоҳанд буд, бинобар ин ҳукумат бояд ин соҳаро ҳавасманд гардонад. Яъне, дастгирии давлатӣ. Масалан, як ҷузъи чунин ҳавасмандӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, маҷмӯи барномаи рушди нақлиёти барқӣ то соли 2028-ум мебошад”,- равшанӣ меандозад таҳлилгари "Акиа Авесто".
Масалан, барнома, ки моҳи марти соли 2023 қабул гардидааст, номгӯи минтақаҳои пилотӣ ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро барои бунёди сохтору зерсохторҳои хизматрасонӣ пешбинӣ менамояд, ҳамзамон – роҳу усулҳои маблағгузории як қисми хароҷотҳоро барои рушдёбии он аниқ месозад.
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
СММ: Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба 1,4 трлн доллар ниёз доранд
Лекин, аз ҳама асосиаш – тибқи лоиҳаи ҳукуматӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 40 истгоҳҳои барқпуркунии иқтидорашон калон (зиёда аз 22 кВт ҳангоми барқпуркунӣ дар давоми 20-30 дақиқа ва то 80 %) ва на камтар аз 850 истгоҳҳои барқпуркунии иқтидорашон миёна (то 22 кВт, вақти барқпуркунӣ то 80 % - 2 -10 соат).
Ба нақша гирифта шудааст, ки ба маблағгузории барнома наздик 230 млн сомонӣ (21 млн доллар) равона карда шавад. Аммо, аз буҷети давлат фақат 1,4 миллион сомонӣ равона карда мешаваду халос. Боз 6,2 миллион – аз ҳисоби шарикони рушд, боқимонда 221 млн сомонӣ – аз ҳисоби бахши хусусӣ.
Бо дарназардошти он, ки ҳатто дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ, дар Тоқикистон кам ширкатҳои хусусие ҳастанд, ки товони бардошти чунин хароҷотҳоро доранд. Бинобар ин, эҳтимол, ҳатто дар сурати амалишавии муваффақонаи барнома то соли 2028, он фақат шаҳрҳои калонтарини кишвар - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлобро дарбар мегираду халос.

Ҳамсояҳо чунин тамоюлро доранд

Вазъият бо электрокараҳои (сабукравҳои барқӣ) анъанавӣ тамоман дигар аст. Худи чунин сабукравҳо дар Тоҷикистон зиёд нестанд – 120 адад аз миёни 445 ҳазор нақлиёти сабукрави дар кишвар мавҷуда - ё худ ҳамагӣ 0,03% аз теъдоди умумӣ. Аммо Тоҷикистон зери таъсири мӯди нақлиёти “сабз” қарор дорад, ки он якбора дар 2-3 соли охир хело овозадор гаштааст.
Ба рақамҳо муроҷиат менамоем. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя моҳи сеюм аст, ки воридоти электромобилҳо бесобиқа гаштааст.
Дар моҳҳои январ-март ба кишвар 1668 электроавтомобил ворид карда шудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022, ки ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 455 адад чунин нақлиёт ворид карда шуда буд, ин нишондаҳанда ба 3,6 баробар афзудааст. Арзиши умумиаш бошад - ба зиёда аз 4 маротиба, аз 13,5 млн то 54,7 млн доллар.
Қисми зиёди воридот маъмулан аз Чин буд - 1444 сабукрави барқӣ. Боқимонда – аз Гонконг ва Аврупо ворид карда шудааст. Сабаби чунин маъруфиятро маънидод намудан осон аст – имтиёзҳои то ҳадди имкон зиёд аз ҷониби ҳукумат.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Аз оғози соли 2023 нақлиёти “сабз”-и ба кишвар воридмешуда аз боҷи гумрукӣ, актсизҳо ва дигар пардохтҳо озод карда шудаанд. Барои соҳибкорон бошад, имтиёзҳо ҳини бунёди истгоҳҳои барқпуркунӣ амал менамоянд.
Ғайр аз ин, акнун кирокашҳо дар Ӯзбекистон – агар аз электрокарҳо ва ё мошинҳои пайваста (ҳам бо барқу ҳам бо дизел кор мекарда) истифода баранд - метавонанд барои иҷозатнома (литсензия) то соли 2030 молиёт надиҳанд. Барномаи ҳамсон соле пеш ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ҳарчанд на чунин доманадор.
Барои ҳавасмандкунӣ ба харидории электрокарҳо пешниҳод гардид, ки ҳини додани дастрасӣ ба электромобилҳо ба иштирок дар ҳаракат дар роҳ, онҳо аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда шаванд.
Ба шахсони ҳуқуқии мошинҳои барқӣ ворид менамуда бошад, паст намудани андозбандӣ таъмин карда шавад ва ҳаҷми андоз аз арзиҳши иловашуда барои онҳо ҳини воридот намудан ва истифодаи нақлиёти “сабз” ба Тоҷикистон ба сифр баробар карда шавад.
Қисми зиёди ин таклифҳо – асоси “Барномаи давлатии рушди электромобилҳо”-ро ташкил медиҳанд.
Ҳарчанд – электрокар – барои пойтахт намуди автомобили ба хубӣ шинос бошад ҳам (асосан –“Toyota Prius”-и ҷопонӣ ва гибридҳои чинии тамғаи “JAC”), берун аз Душанбе инҳо - намудҳои ғароиби нақлиёти шахсиянд. Ба ҳар ҳол, содироткунандагон ва ҳам воридоткунандагону фурӯшандагони ин намуди нақлиёт ба ояндаи имкониятҳои бозор дар солҳои наздик назари хушбинона доранд.
Электробус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Дар Хуҷанд барои мусофиркашонӣ автобусҳои барқӣ хариданиянд
"Агар бо рақамҳо гӯем, тасаввур кунед, барои шахсе, ки дар мошинсарояш электрокар дорад, чӣ қадар сарфаи буҷет мешавад. Як баки пури сӯзишвории нақлиёт барои тай намудани аз 400 то 600 км роҳ 600-1200 сомонӣ меистад", - гуфт мудир оид ба фурӯши толори автомобилҳои барқии “Green auto Tajikistan” Шӯҳрат Муродов.
Вай афзуд, барои ҳамин масофа бошад, барқпуркунии электрокар 13 - 25 сомонӣ дар хона ва 27-100 сомонӣ дар кӯча арзиш дорад.
"Бинобар ин, гумон дорам, дар солҳои наздик қисми бештари шаҳрвандон ба ҷои нақлиёти дизелӣ нақлиёти барқиро интихоб мекунанд", - изҳор дошт Муродов.
Ба андешаи ӯ, далели аз ҳама боэътимоди шӯҳратёр гаштани электрокарҳо – ин, чун дар вазъият дар нақлиёти ҷамъиятӣ, зиёдшавии теъдоди истгоҳҳои барқпуркунӣ барои нақлиёт дар қаламрави шаҳрҳо ва берун аз онҳо мебошад.
Ғайр аз ин, ҳавасмандии дигар барои воридкунандагону фурӯшандагон ва ҳам харидорони “нақлиёти сабз” – ин системаи шаффофи лизингӣ ва қарзҳо бо фоизҳои дастрас аст, ки худ аз худ як пешрафте хоҳад буд дар бозори нақлиёти Тоҷикистон – ва аниқ, талаботро ба ин намуди нақлиёт афзоиш медиҳад.

Чин – дар тамос

Ба ғайр аз барномаи қарздиҳӣ, байни дигар амалҳо, ки ҳавасмандкунӣ дар бозори электрокарҳоро ба миён оварда метавонанд, мутахассисон гунногунии намуду тамғаҳои нақлиёти “сабз”-ро ном мебаранд – то ки харидор интихоб дошта бошад.
Ва интизорӣ меравад, ки ин қисмати назарраси бозори нақлиётро қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон – Чин метавонад азхуд намояд.
Ҳамин гуна, дар доираи “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ” моҳи март дар Душанбе толори нави автомобилии "JAC-моторс" кушода шуд ва якумин намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба аҳолӣ электромобилҳоро бо кафолаташ ва бо хизматрасонии дилерӣ пешниҳод менамояд.
Воқеан ҳам, бо ташкили иттиҳодия оид ба истеҳсоли электромобилҳо, ки ин тарҳ моҳи апрел расонаӣ шуда буд, ҳамчунин мутахассисони Чин машғул хоҳанд шуд.
“Айни замон, Чин дар ҷаҳон мавқеи аввалро дар истеҳсоли электромобилҳо дорад ва даҳяки ин бозорро соҳиб аст. Аз рӯи ҳисоби соли гузашта ин 383 млрд доллар дар як солро ташкил дод. Чин дорои технологияҳои замонавист ва ба пуррагӣ қодир аст чунин як истеҳсолотро дар Тоҷикистон ба роҳ монад”, - мегӯяд намояндаи ширкати фуруши ин намуди нақлиёт, Ҷӯрақул Давлатов.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2023
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Чизи дигар он аст, ки бе дастгирии давлатӣ ва зерсохторҳои хизматрасонӣ гумон аст, ки дар бозори дохила ва беруна ин намуди мол тавонад талаботи зиёд дошта бошад.
Ғайр аз ин, ба андешаи Давлатов, истеъмолкунандагон ва ё худ харидорони қаторӣ дар Тоҷикистон бо камбуди нерӯи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистсон ба хубӣ ошноянд, бинобар ин хавф доранд – оё намешавад, ки муаммои камбуди барқ ба воситаи нақлиёти шахсии онҳо низ таъсир расонаду эшон ба муддате пиёда монанд?
Бинобар ин, асоси ин бозори навро, эҳтимол, мошинҳои якҷоя ва ё худ гибрид – ҳам бо барқу ҳам бо сӯзишворӣ гарданда - ташкил хоҳанд дод. Ва ин созиши қобили қабуле хоҳад буд миёни нақлиёти анъанавии бо истифодаи сӯзишворӣ кор мекарда ва ҳам муҳаррики ”сабз”.
Агар гап дар сари ташаббусҳои муштараки тоҷикистониву чинӣ бошад, пас толорҳои “JAC” ва заводи васлу пайванди он, эҳтимол, ягона иттиҳодияи ин силсила дар ҷумҳурӣ нахоҳанд буд. Дар ин маврид, тиҷорати тоҷик, пеш аз ҳама, сари омода намудани кадрҳо бояд андеша ронад.

“Соҳибкорони чинӣ афзалтар медонанд коргарони таҳҷоиро барои вазифаҳои паст кироя гиранд, ба вазифаҳои идории зинаҳои миёна ва болои истеҳсолот бошад, бештар шаҳрвандони худиашонро ҷалб менамоянд", - гуфт иқтисодшинос Рустам Саидов.

Вай афзуд, ки дар натиҷа, дар кишвар техникаи нав гӯё ҳаст, аммо мутахассисони маҳаллие, ки бо ин техника сару кор дошта бошанд, намерасанд.
Барои баромад ба бозори хориҷа ва васеъ намудани фурӯши электрокарҳои арзон дар Тоҷикистон вазъият дар дохили худи Чин низ мусоидат менамояд.
Вақте соҳибкорон ба истеҳсоли электромобилҳо шурӯъ намуданд, ҳукумат соҳибкоронро бо роҳи ҷудо намудани субсидияҳои олиҳҳимматона ва ҷорӣ намудани имтиёзҳои зиёд дастгирӣ менамуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои чиниро ба Тоҷикистон даъват кард
Аммо 3 сол пеш Вазорати молияи Чин дар бораи зина ба зина кам намудани субсидия ба харидории автомобилҳо аз сарчашмаҳои нави энергия эълон дошт. Дар соли 2021 субсидияҳо ба андозаи 10%, дар соли 2022 ба 20%, аз 1 январи соли 2023 бошад ҳукумат ҷуброн намудани қисми хароҷотҳоро ба гибридҳои нав ва автомобилҳои барқӣ ва гидрогениро ба пуррагӣ қатъ намуд.
Соҳибкорони чинии корхонаи истеҳсоли электромобилҳо дар Тоҷикистон кушода (ва дар як вақт, таъсири бе ин ҳам бузурги иқтисодии Чинро ба Тоҷикистон афзоиш дода) дар давраи аввал дастгирии ҳамаҷониба меёбанд.
Пас, бозори шаклгирифтаистодаи электрокарҳоро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст?
Таҳлилгарон ва мутахассисони соҳа, ки бо онҳо Sputnik сӯҳбат дошт, пешгӯиҳои ботаҳаммулу некхоҳона доранд.
Агар барномаи давлатӣ ба пуррагӣ амалӣ гардад, пас то соли 2028 ҳиссаи нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тақрибан ба 10-15 маротиба зиёд шуда метавонад.
Миқёсан калон садо медиҳад, аммо ба ҳисоби фоиз аз 0,03% то ба камтар аз 0,5% ё худ наздик 2 ҳаз адад воситаи нақлиётро ташкил хоҳад дод.
Новобаста аз ин, чунин натиҷа ҳам – оғози хубест барои шаклгирии бозори нақлиёти “сабз” дар ҷумҳурӣ, ки дар истеҳсолоти дохила асос ёфта ва аққалан қисман – бо истифода аз захираҳои худии энергетикӣ.
Лентаи хабарҳо
0