Лукашенко гуфт, ки худаш аз Русия силоҳи ҳастаӣ талаб кардааст

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Ҷойгир кардани силоҳи тактикии ҳастаӣ дар қаламрави Беларус иръоб (шантаж)-и Федератсияи Русия нест, балки хоҳишу дархости Минск аст
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки Русия дар пайи ҷойгир кардани силоҳи тактикии ҳастаӣ дар ин ҷумҳурӣ нест, ин талаби Минск аст.
"(Лукашенко– таҳ.) таъкид кард, ки истиқрори силоҳи ҳастаӣ дар Беларус дархости ва талаби фаврӣ ӯ аз ҷониби Русия ба манзури кафолати амнияти кишвари мост", — навиштааст Sputnik Белорус.
"Русия барои чизе талош намекунад. Гап дар бораи Русия нест", - гуфт раҳбари Беларус.
Ҳамин тавр, раҳбари Беларус изҳороти расонаҳои ғарбиро, ки истиқрори силоҳ дар Беларусро кӯшиши шантажи ҳастаӣ дар остонаи нишасти НАТО, ки рӯзҳои 11-12 июл дар Вилнюс баргузор мешавад, шарҳ дод.
"Дар аввал ман аз президенти Русия Владимир Путин пурсидам. Баъдан дӯстона исрор ва талаб кардам: ин силоҳро ҳоло ба ман диҳед. Бароям басанда аст", - хулоса кард ӯ.
Қаблан раҳбари Русия гуфта буд, ки истиқрори силоҳи ҳастаӣ дар Беларус аз 7-8 июл оғоз мешавад.
Председатель исполнительного комитета - исполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Дабири кулли ИДМ: Русия ва Беларус дар мавриди силоҳи ҳастаӣ тасмими муштарак мегиранд
То ин замон бояд омода кардани объектҳо анҷом дода, баъд аз он тадбирҳо оид ба ҷойгир кардани яроқ шуруъ карда шаванд, қайд кард ӯ.
Дар охири моҳи март ҷонибҳои Русия ва Беларус дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар қаламрави Беларус ба мувофиқа расиданд.
Ба гуфтаи Путин, он бидуни нақзи созишномаҳои мавҷудаи байнулмилалӣ ҷойгир карда мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки назорат бар силоҳи ҳастаӣ дар Беларус дар ихтиёри Маскав боқӣ мемонад.
"Таъмини амният дар соҳаи низомиву ҳастаӣ барои Беларус ва Федератсияи Русия ба далели сиёсати НАТО ва тағйироте, ки дар доираи амнияти Аврупо ба амал омадаанд, як қадами маҷбурӣ гардид", - афзуд департамент.
Лентаи хабарҳо
0