Захарова: Ҳукумати Украина ин масхарабоз бо роҳбарии НАТО ҳастанд

© Пресс-служба МИД РФОфициальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова
Официальный представитель Министерства иностранных дел России Мария Захарова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Федератсияи Русия ахиран режими Киевро гурӯҳи масхарабозон бо роҳбарии НАТО номид
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи изҳороти дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар бораи он ки амалиёти вижаи Русия ин на танҳо "ҳамла" ба Украина, балки ба арзишҳои асосӣ аст гуфт, ба арзишҳо ҳамон лаҳзае “ҳамла” карданд, ки дар Киев ду маротиба аз ҳисоби Вашингтон ва Брюссел табаддулоти давлатӣ сурат гирифт ва ҳоло як гурӯҳ масхарабозон зери сарпарастии НАТО тамоми ҷаҳонро ба ваҳшат овардаанд.
Ахиран Кохи Сафед хабар дод, ки раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дабири кулли НАТО Йенс Столтенбергро ба ҳузур пазируфт ва ҳушдор дод, ки агар Русия дар Украина пирӯз шавад, ҷаҳон боз ҳам хатарноктар мешавад ва “ба Чин тавонмандӣ” хоҳад дод.
"Ба арзишҳо замоне ҳамла карданд, ки ду маротиба дар Киев аз ҳисоби Вашингтон ва Брюссел табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Аз ҳамон лаҳза аз арзишҳои демократӣ чизе боқӣ намондааст. Ҳоло як гурӯҳи масхарабозони хунхор таҳти сарпарастии НАТО дар ҳукумат қарор доранд ва тамоми ҷаҳонро ба ваҳшат андохтаанд”, - гуфт Захарова.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Эмблема Организации Североатлантического договора (НАТО) в Брюсселе.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Генерали бритониёӣ мегӯяд, НАТО омодаи даргирӣ бо Русия нест
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз демилитаризатсия ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳимот интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0