Ду хоҳари тоҷик дар Петербург ғарқ шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Хоҳарон, ки яке 12 ва дигарӣ 14 сол доштанд, аснои оббозӣ дар ҳавзи Николский дар Санкт-Петербург ғарқи об шуда, ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Санкт- Петербург ду ноболиғ аз Тоҷикистон ғарқ шуданд.
Бар хабари Сарраёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия ноболиғон хоҳарон буда, яке 12 ва дигарӣ 14 сол доштаанд.
Манбаъ меафзояд, ҷасади онҳо аз ҳавзи Николский дар минтақаи Петродворсов аз об берун оварда шуд.
"Дар мавриди пайдо шудани ҷасади ду духтари 12 ва 14-сола парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 3 моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия (сабаби марг аз беэҳтиётӣ) боз шудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, РИА Новости маълум намудааст, ки хоҳарон ҳамроҳ бо падар, модаркалон ва бародари 4 - солаи худ ба ҳавз рафтаанд.
"Тибқи маълумоти муқаддамотӣ, духтарон ҳамроҳи падарашон ба оббозӣ рафта, модаркалони онҳо ҳамроҳи бародарашон дар соҳил мондааст. Ин оила аз Тоҷикистон кӯч бастааст", афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, додситонии Санкт-Петербург тафтишоти ин парвандаи ҷиноиро таҳти назорати худ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0