Суханронии Владимир Путин дар Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург

Обуна шудан
Кишвардори Русия Владимир Путин ба кори Форуми байналмилалии иқтисоди Петербург дар рӯзи саввум пайваст шуд.
Котиботи президенти Русия хабар дод, Владимир Путин дар мавриди иқтисодиёт ва ҳамчунин амалиёти вижа сухан хоҳад ронд. Дар баробари Путин дар форуми мазкур президенти Алҷазоир низ суханронӣ мекунад ва сипас як муҳокимаи панелӣ баргузор мешавад.
Интизор меравад, рӯзи шанбе кишвардори Русия дар Петербург бо як ҳайати Африқоӣ мулоқот доир кунад.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 14 то 17 июн давом мекунад.
Лентаи хабарҳо
0