Ҳушдори мақоми толибҳо дар бораи тавтеаҳои Амрико барои бесуботӣ дар минтақа

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Сухангӯи расмии ҳукумати муваққати толибҳо дар нишасти ахираш дар хусуси тавтеаҳои Амрико барои суботи минтақа ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Идораи бозрасии Амрико дар умeри бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, ки гурӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва таҳдидҳои дохилӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва бархе кишварҳо дар маъраз хатар ҳастанд.
Сухангуи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар баёнияе дар вокуниш ба гузориши идораи бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, ки Амрико мехоҳад минтақаро бесубот ва ноамн созанд то битавонад шикасти худро аз мардуми Афғонистон ё толибҳо (гурӯҳи зери таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ) ҷуброн кунад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасреҳ кард, ки ҳукумати толибҳо назорати мутлақ бар авзоъи ин кишвар дорад ва ба ҳеҷ гурӯҳ иҷоза нахоҳад дод, ки Афғонистонро бесубот кунад ва аз хокаш бар зиди кишвари дигаре истифода шавад.
Рахматулла Набил, бывшый глава службы безопасности Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Ҳушдори Набил дар бораи “Вазиристон созии” шимоли Афғонистон
“Ҳамаи ҷаҳон ба вижаи афғонҳо медонанд, ки амнияту саботе, ки пас аз поёни ишғоли Амрико ва истиқрори муҷаддади ҳукумати толибҳо дар Афғонистон бавуҷуд омадааст, афғонҳо дар чиҳил соли гузашта таҷриба накарда буданд ва акнун ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи хориҷӣ дар Афғонистон фаъол нест ва пружаи иттилоотии мавсум ба гурӯҳи террористии ДОИШ* низ ба шиддати осеб дида ва дар остона нобудӣ аст”, - гуфт сухангуии ҳукумат толибҳо.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегуяд, ки ҳеҷ таҳдиди мусаллаҳонаи дохилӣ дар Афғонистон вуҷӯд надораду миллати Афғонистон дар сулҳу оромиши комил зиндагӣ мекунанд.
Сухангуии ҳукумати толибҳо зикр кард, ки онҳо ба Амрикоеҳо тавсия доданд, ки ба нафрату душмании худ бо афғонҳо поён диҳанд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд
Лентаи хабарҳо
0