Баргузории ҷашнвораи мошинҳои қадима дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Дар майдони 800-солагии Маскав дар Душанбе Ҷашнвораи анъанавии 11-уми автомобилҳои қадима ва ретро-мусиқӣ (Retro auto & Retro music Fest 2023) баргузор шуд
Дар пойтахт фестивали ғайриоддӣ баргузор гардид, ки иштирокчиёни он моделҳои мошинҳои кӯҳнаро пешкаш карданд.
Меҳмонони ин фестивал тавонистанд ба фазои асри гузашта ворид шаванд ва пур аз эҳсосоти хуб шаванд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои зебоеро аз ҷойи ҳодиса ба навор гирифт.
Дар ҷашнвора ҳудуди 80 автомашинаи нодиру қадимаи истеҳсоли солҳои гуногун, модел ва навъҳои мухталиф ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бозгашти худравҳои маъруфи замони Шӯравӣ ба Душанбе -акс
Ба сурати умум, ҳар кадоме аз автомобилҳои дар намоишгоҳ пешниҳодгардида намунаи шоистаи нақлиёти замони худ буд
Автомашинаҳои қадимае чун "Победа", "Москвич", "Волга", "Запорожец", "Лада", "Chevrolet", "Ford", "Mercedes-Benz", "Pontiac" ва "Volkswagen" мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтанд.
Ҳолати онҳо хеле хуб буд, чунки моликони онҳо барои дар чунин ҳолати хуб нигоҳ доштани мошинҳои худ хеле зиёд кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0