Раиси ситоди артиши Эрон Шойгуро ба Теҳрон даъват кард

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2023
Обуна шудан
Намояндагони ду давлат масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, амнияти минтақавӣ ва вазъи байналмилалиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ аз вазири дифои Русия даъват кардааст, ки ба ин кишвар сафар кунад.
Дар ин бора хабаргузории Tasnim гузориш медиҳад.
"Дар як суҳбати телефонӣ бо генерал Шойгу мо дар бораи таҳаввулоти ахир дар Русия, равобити низомии дуҷониба ва таҳаввулоти амниятӣ дар минтақа табодули афкор кардем... Боқирӣ аз Шойгу даъват кард, ки аз Эрон боздид кунад", - таъкид мекунад оҷонсӣ.
Инро дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия низ таъйид кардааст.
Тавре аз вазорат иттилоъ доданд, намояндагони ду кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ва низомию техникӣ, амнияти минтақавӣ ва вазъи байналмилалиро баррасӣ карданд.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2023
Эрон: Руйдоди ахир дар Русия мавзӯи дохилии ин кишвар аст
"Тарафҳо нияти худро барои амиқтар кардани муколама ва рушди робитаҳо дар соҳаи мудофиа тасдиқ намуданд", - гуфта мешавад дар иттилои дафтари матбуоти.
Қаблан раиси пулиси Эрон генерал Аҳмад Ризо Радон гуфта буд, ки нирӯҳои интизомии Русия ва Эрон омодаанд бо ҳамдигар таҷриба табодули кунанд.
Вай гуфт, ки нерӯҳои пулиси ду кишвар дар мубориза бо маводди мухаддир, мубориза бо терроризм ва қочоқи созмонёфта таҷрубаи ғанӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0