Барномаи ҳукумат кор дод: Тоҷикистон воридоти гӯшт аз хориҷро ба коҳиш додааст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОслабление карантинного режима в городах России
Ослабление карантинного режима в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар кишвар барои коҳиш додани воридоти гӯшт аз хориҷ мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар муқоиса ба панҷ соли пеш воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар 19,4 маротиба коҳиш ёфтааст.
Дар ин хусус зимни муҳокимаи парламентӣ, ки дар Маҷлиси намояндагон дар мавзӯи "Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст дар муҳокимаи парламентӣ таъкид шудааст, ки соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 2543,9 ҳазор сар ва моли майда ба 6295,9 ҳазор сар расида, дар ин давра 349,1 ҳазор тонна гӯшт ва 1064,2 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
“Нисбат ба давраи қабули Барнома (соли 2017) саршумори чорвои калон 226,7 ҳазор сар (9,8 фоиз), моли майда 714,5 ҳазор сар (13 фоиз), истеҳсоли гӯшт 100,4 ҳазор тонна (40,3 фоиз) ва шир 114,3 ҳазор тонна (12 фоиз) зиёд гардид”, - таъкид кардааст манбаъ.
Инчунин қайд карда шуд, ки бо истифодаи имтиёзҳои додашуда аз хориҷи ҷумҳурӣ 17732 сар чорвои хушзот ворид шуд, ки нисбат ба нишондоди барнома 2,1 маротиба зиёд мебошад.
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон дар соли равон
Таъкид карда шудааст, ки дар давраи амалишавии Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ аз 65 ба 218 расид, ки 3,3 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин муҳокима зикр карда шуда, ки новобаста аз зиёд гаштани саршумори чорво, сифат ва маҳсулнокии онҳо беҳбудиро талаб мекунад.
"Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта 24,1 млрд. сомониро ташкил дода, аз он 6,7 млрд. сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин рақам шаҳодат медиҳад, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳа маблағи зиёд равона мешавад. Зарур аст, ки бо дастгирии олимони соҳа, истифодаи нав­гониҳои илмӣ дар амалия метавонем маҳсулнокии соҳаро зиёд намоем",-таъкид намудаанд дар ҷаласа.
Дар давраи татбиқи "Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" бо истифодаи маб­лағи буҷет ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри­асалпарварӣ рушд ёфта, саршумори чорвою паранда, оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшт, гӯшти паранда, шир, тухм, моҳӣ ва асал зиёд гардид.
Лентаи хабарҳо
0