БРАО рушди баланди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2023 пешбинӣ кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Обуна шудан
Интизор меравад, ки тавсеаи иқтидорҳо дар соҳаҳои муҳими саноат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳаҷми ММД-ро 7,9% афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби рушди саноат ва афзоиши талаботи дохилӣ минбаъд низ бемайлон рушд хоҳад кард.
Дар ин бора таҳлилгарони Бонки Рушди Авруосиё дар шарҳи - пешгӯӣ барои соли 2023 изҳор доштанд.
"Татбиқи барномаҳои давлатӣ барои тавсеаи иқтидорҳо дар соҳаҳои муҳими саноат шароит фароҳам меорад. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва мутаносибии рушди иқтисодӣ барои сатҳи баланди рушди эҳтимолии иқтисодӣ замина фароҳам меорад", - омадааст дар гузориш.
Тибқи пешгӯии БАОР, тавсеаи иқтидорҳо дар соҳаҳои асосии саноат ва татбиқи барномаҳои давлатӣ боиси афзоиши баланди ММД – дар сатҳи 7,9% мегардад.
"Таваррум то охири сол ба далели поин рафтани нархи ҷаҳонӣ дар бозорҳои коло, сабукгардонии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати коҳиш додани қурби сомонӣ 6,6%-ро ташкил хоҳад дод", - омадааст дар шарҳ.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2023
БРАО ба Тоҷикистон боз 650 млн доллар сармоягузорӣ мекунад
Ҳамчунин, тибқи ин санад, меъёри бозтамвил дар шароити коҳиши мизони таваррум дар сатҳи 10% боқӣ монда, қурби миёнаи солонаи доллар ҳудуди 10,8 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои тарҳҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон 650 миллион доллар ихтисос медиҳад.
Дар мулоқоти раиси Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон Завка Завқизода ва раиси Бонки Осиёии Рушд Николай Подгузов дар мавриди маблағгузорӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Лентаи хабарҳо
0