Амалиёти вижаи низомӣ: Ташвиши Ғарб аз бомбаҳои ҳушманд ва ғалабаи ғайринақшавии Русия

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкРабота смешанной истребительной авиагруппы Восточного военного округа на Харьковском направлении
Работа смешанной истребительной авиагруппы Восточного военного округа на Харьковском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Обуна шудан
Мутахассисони НАТО истифодаи бомбаҳои авиатсионии ҳушманди Русияро таҳлил доранд – ҳамон бомбаҳоеро, ки “барои Украина душвории рӯзафзунро пеш овардааст”
Диққати махсус ба “валкирияҳои болдор”-и русиягии калибраш аз 500 то 1500 кг дода мешавад ва ин амал бо он маънидод карда мешавад, ки ИМА маҷмааҳои мубориза бо чунин бомбаҳо – мудофиаи зиддиҳавоӣ ва мудофиаи радиоэлектрониро надоранд.
Истеҳсоли силсилавии бомбаҳои авиатсионии ҳушманду банақшагирандаи иқтидорашон калон дар Русия то оғози амалиёти вижаи низомӣ сар шуда буд, аммо театри амалиёти ҷангии украинӣ нақши хоси чунин аслиҳаро дар шикасти таъҷилии мудофиаи қаторамонанди душман муайян намуд.
Истифодабарии бомбаҳои ҳушманди банақшагирандаи авиатсионии УПАБ-1500Б-ро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ баҳори соли 2022 оғоз намуданд, дере нагузашта фармондеҳии украинӣ онро “хатари фавқулодда”номид.
Минбаъд қувваҳои мусаллаҳи Русия задан ва ё худ "хомӯш кардан"-и навигатсияи онҳоро ёд нагирифтанд – ҳатто бо истифода аз маҷмааҳои мушакиву зенитии натогии NASAMS, Iris-T и Patriot.
Нарияи ҳонконгии Asia Times муайян намуд: " УПАБ-1500Б-ҳои русӣ ғалаба доранд".
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2023
Медведев: Дурнамои НАТО барои Киев ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ таҳдид мекунад
Қайд менамоем, ки “оилаи” калони бомбаҳои ҳушманди сохташон гунногун ғалаба доранд. Модули универсалии банақшагирӣ ва тасҳеҳ (УМПК) бомбаи оддии афтишаш озоди намунаи соли 1962-ро ҳушманду болдор мегардонад. Нашрияи амрикоии The Drive дирӯз маҳз ба ҳамин намуд мақолае бахшида буд.
Бомбаҳои нави авиатсионии банақшагирандаи ҳушманди УПАБ-1500Б – мукаммалтару пуриқтидортаранд.
Аз рӯи имкониятҳои ҷангӣ мушакҳои болдори “ҳаво бар замин” - ро ба хотир меоранд (парвоз бо ёрии болҳои на он қадар калон дар қисми миёна ва қисми думи тана танзим карда мешавад).
Маҷмамаи инертсионалӣ-маҳворавии бурдарасонӣ истифода бурда шудааст. Қодир аст нишонро дар дурии то 50 км аз нуқтаи партоб нобуд созад (дар баландии то 15 км).
Тартиби кори “сар додӣ, фаромӯш кун” амал менамояд. Бомбаи авиатсионии русиягӣ ба халалдоркуниҳои мавҷи идоракунӣ тобовар аст.
Иқтидораш аз рӯи вазни қисми ҷангии 1010 кг муайян карда мешавад. Чунин “болғаҳо” ҳамарӯза мавқеи душманро сарнагун ва нуқтаҳои дар чуқуриҳо ҷой гирифтаи нуқтаҳои фармондеҳии артиши Украинаро дар минтақаҳои гунногуни ҷабҳа сарнагун месозанд.
Бомбаи авиатсионии ҳамсони калибраш хурдтар - УПАБ-500Б - 390 кг моддаи таркандаро мебарад, ва қодир аст нишонро то масофаи 40 км ба нишон гирад. Эҳтимолияти давродаври ба тарафе аз нишон хам задан – на бештар аз 10 метр.
Боевая работа самоходной гаубицы 2С19 Мста-С в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷанги тонкҳо: Вазорати дифои Русия аз тактикаи нав алайҳи артиши Украина гуфт
Истифодаи фаъоли чунин аслиҳа дар минтақаҳо қувваҳои мусаллаҳи Украинаро самаранок “ғайринизомисозӣ” дорад.
Мутахассисон чунин меҳисобанд, ки дар зарфияти наздик рушди мағзи маслуӣ имкониятҳои ҷангии бомбаҳои ҳушмандро бамаротиб васеъ менамояд.
Бо рушд додани истеҳсолоти нави аслиҳаи нишонрасиаш дақиқ ва бо тезонидани азнавсозии истеҳсолоти мавҷуда, комплекси саноати ҳарбии русиягӣ дар як соли амалиёти вижаи низомӣ ба маротиб истеҳсоли аслиҳаро зиёд намуд.
Русия ба “реҷаи ҷангӣ ” ба осонӣ, бе ҳарбикунонии иҷтисодиёт гузашт, Ғарб бошад, маълум гашт, ки ба ҷанги тӯлонии бо дасти дигарон бо Русия бурда истодааш омода набудааст.

Ақибмонӣ – гарави шикаст

Дар театри амалиёти ҷангии украинӣ намунаҳои амрикоии бомбаҳои авиатсионии банақшагиранда бо ҳидояткунандаҳои GPS – JDAM-ER –и калибрашон аз 225 то 450 кг (бо таёраҳои украинии МиГ-29 якҷоя карда шуда буданд) шикасти технологь диданд.
Ҳамчунин "бомбаҳои мавқеи ҷойгиршавиашон дар замин"-и GLSDB бо дурии парвозашон то 150 км, бо сараки ҷангии 115 кг (ки аз ҷониби думаки гулӯлаи реактивии HIMARS сар дода мешавад) дучори шикаст шуданд.
Маълум шуд, ки технологияҳои русиягии “чашмбарандаи” муборизаи радиоэлектронӣ барои НАТО ғайриинтизорӣ маргбор будаанд. Маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоии "Пантсир -С" бошанд ҳатто мушакҳои пешрафтаи болдори бритонии Storm Shadow – ро даста –даста нобуд месозанд.
"Русия халалдоркуниҳои радиоэлектрониро он қадар босамар месозад, ки Украина, ҳатто ИМА ва НАТО, дигар ба он умед баста наметавонанд, ки бомбаҳои авиатсионии банақшагирандаи JDAM ва дигар яроқи “ҳушманд” ба нишонҳо мерасанд", - хабар дод нашрияи олмонии Business Insider.
Тавоноии халалдорсозии мавҷҳои русиягӣ (РЭБ) аз мавҷҳои GPS-и аз кайҳон қабулкардамешуда пурқувваттаранд.
Иракский полицейский на месте массового захоронения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Бадтар аз Афғонистон: зархаридони амрикоӣ дар бораи даҳшат дар фронти Украина
Ғайр аз ин, Русия имкони боздоштани мавҷҳои GPS ва азнавпахшкунии онҳоро бо ворид намудани тағйиротҳо дорад, ин бошад ҳамаи маҷмааи ҳидояткунанда ва ҳадафҳои НАТО-ро гиҷу саргаранг мекунад. Ин гуна бемуҳофизатӣ – нобарории ҷиддии ҷангист.
Дар Ғарб андеша доранд, ки чӣ гуна ба пуррагӣ яроқи нишонрасиаш дақиқро аз барандаи GPS “раҳо” намоянд (худнишонгирӣ бо таҳлили коррелятсионӣ бо ИИ).
Бомбаи банақшагирандаи авиатсионии амрикоӣ бо вазни 1020 кг ва бо қисми ҷангии 109 кг – бомбаи авиатсионии сангшикани “болдор”-и GBU-34 - қудрати парвоз то ба нишон аз масофаи 24 км аз ҷои партобро дорад.
Эҳтимолияти давродаври аз нишон тарафе хам задан – то 15 метр. Ва аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо дар назди УПАБ-1500Б-и русиягӣ лол мемонад. Аз “рӯи вазни то 1500 кг ”НАТО дигар чизеро пешниҳод намуда наметавонад.
Дар Ғарб мефаҳманд, ки НАТО ба Югославия, Афғонистон ва Лубнон ҳуҷум намудааст, медонанд, ки Созишномаи Минск фиребгарӣ буд, таълимҳои артиши ИМА дар Украина ба пули пучак намеарзанд, ва “ҳамлаи ҷавобии” қувваҳои мусаллаҳи Украина “ба пешрафти тақдирсозе намеоранд”.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков дар бораи ҳадафҳои муҳими амалиёти вижа гуфт
Маҷаллаи The American Conservative қайд менамояд, ки хоҳишҳои режими киевӣ аз имкониятҳояш бамаротиб зиёдтаранд, Русия бошад “бар ҷанги бо дасти дигарон бурдашудаистода бо Амрико ғалаба намуда истодааст”.
Азбаски “Ғарб пайваста шӯҳратпарастии худро аз сулҳ боло гузошт”, сулҳ дар симои Русия ҷавоби комилан мувофиқ дод.
Дар ҳамин ҳол, пас аз 16 моҳи амалиёти вижаи низомӣ қӯрхонаҳои ИМА ва НАТО тиҳӣ гаштанд- милтиқҳои замонавии снайперӣ, маҷмааҳои зиддитанкӣ ва зиддимушакии ба Киев интиқолдодашуда бошанд – аллакай дар бозори сиёҳи аврупоӣ фурӯхта шуда истодаанд.
Бо "Ҷавелин”-ҳо ва “Стингер"-ҳо Ғарб дар Украина қабрашро бо дастони худаш кофта истодааст.
Лентаи хабарҳо
0