Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон наздик ба 17 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

© Пресс-служба председателя Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия "Норд Азия Металл"
Раджаббой Ахмадзода ознакомился с деятельностью промышленного предприятия Норд Азия Металл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Обуна шудан
Мақомот мегӯяд амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо барои рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 млрд. 656 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд. 155 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9% таъмин гардидааст.
Ҳамзамон Агентии омор қайд кардааст, ки ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст.
Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Содироти маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба 7 кишвари ИДМ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 млрд. сомонии соли 2016 то ба 43 млрд. сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар панҷ моҳи соли равон омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 2,8%, саноати коркард – 12,8%, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,1% ба амал омадааст.
“Дар панҷ моҳи соли равон суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳаҷми банақшагирифташуда 8,8%, вилояти Хатлон 12,4% ва шаҳри Душанбе 21,6% баланд гардид. Аммо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 92,6% ва ВМКБ ба 89,6% баробар гардид",-Иттилоъ дододааст кумитаи омор.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 3174 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 301 адад, коркард — 2706 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 71 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 96 адад фаъолият намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0