Сардори нави БДА - генерал Мирзомуродзода кист?

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ
Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Генерали навтаъйин корашро дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 аз вазифаи нозири Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз кардаст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Генерал Рустам Мирзомуродзода, ки сардори нави Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон таъйин гардид, собиқаи беш аз 30-солаи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дорад.
Бар асоси ҳолнома, аз яке аз вазифаҳои охираш муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр буд. Вай ба ин вазифа моҳи феврали соли гузашта таъйин шуда буд.
Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 то 24 феврали соли 2022 сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд. Қабл аз ин вай дар мақоми муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият мекард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Сардори БДА ва сохторҳояш иваз шуданд: Раҳмон хост, сафи ин ниҳод тоза карда шавад
Дар умум Рустам Мирзомуродзода дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад.
Тибқи ҳолнома, Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Хатлон кор кардааст.
Баъдан вай дар вазифаҳои сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Вай моҳи ноябри соли 2021 рутбаи генерал - майори милисаро ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0