Кадрҳои нави таъйиннамудаи Раҳмон дар вазоратҳои дифоъ, кишоварзӣ ва Кумитаи дин кистанд?

© Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар вазорату идораҳои кишвар чандин тағйирот ворид кард. Кишвардор ба вазорати дифоъ, кишоварзӣ ва Кумитаи дин кадрҳои нав таъйин кард
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Бо қарори Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури кишвар Носирзода Ҷаббор муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ёдовар мешавем, ин курси аз моҳи майи соли равон холӣ буд. Бо қарори раисҷумҳури кишвар 1-уми майи соли равон Мирзозода Музаффар Бурҳон, ки вазифаи муовини якуми вазири кишоварзиро иҷро мекард, бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод шуд.
Инчунин бо қарори нави раҳбари давлат Носирзода Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон озод карда шуд.
Дар ҳамин ҳол бо қарори дигари Эмомалӣ Раҳмон Назарзода Машокир Фозил муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд.
Таъиноти кадрӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Тағйироти кадрӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон: Раҳмон 10 судяро таъйину барканор кард
Ҳамчунин бо қарори президенти кишвар Бобозода Хисрав Хоркаш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон озод шуд.
Кишвардори Тоҷикистон бо як қарори дигар Ваҳобзода Абдураҳмонро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон озод кард.
Эмомалӣ Раҳмон да дидор бо кадрҳои нав гуфт: “Зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда мо ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем ва бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”.
Дар фарҷоми раисҷумҳури кишвар ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0