Дархости генерал Раҳимзода аз шиноварони тоҷик

© Дафтари матбуоти Федератсияи шиноварии ТоҷикистонМулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, раиси Федератсияи шиноварии ҷумҳурӣ бо шиноварони дастаи мунтахаби кишвар.
Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, раиси Федератсияи шиноварии ҷумҳурӣ бо шиноварони дастаи мунтахаби кишвар.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки ҳамчунин роҳбарии Федератсияи миллии шиноварии кишварро ба уҳда дорад, аз шиноварон натиҷаҳои назаррасро хост
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раиси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ, Рамазон Раҳимзода мулоқот намуданд.
Ба иттилои Федератсияи шиноварӣ, Раҳимзода, ки ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад, 2 шиновар, мураббӣ ва масъули ҳамкориҳои байналмилалии Федератсия иштирок доштанд.
"Дар вохӯрӣ варзишгарони шиновар Мадкамов Фахриддин, Бордачёва Екатерина, мураббӣ Измайлова Катерина ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Абдуллоев Фурқон иштирок намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Спортсмен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Баргузории аввалин қаҳрамонии кушод дар риштаи гуштингирӣ дар Русия
Зимни вохӯрӣ Раҳимзода варзишгаронро барои дар сатҳи баланд нишон додани малаки касбӣ даъват кардааст.
Аз ҷумла хостори натиҷаҳо дар 21-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ шудаст, ки то 31-уми июли соли 2023 дар шаҳри Фукуокаи Ҷопон баргузор мегардад.
"Изҳори умедворӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори Ватани хеш мегарданд", - омадааст дар иттилоия.
Федератсияи шиноварии Тоҷикистон зикр намудаст, ки ин навъи варзиш яке аз намудҳои маҳбуб дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дастовардҳо дар ин бахш мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0