Мақомоти Хатлон гуфт дар 6 моҳ барои таъмири роҳҳо чӣ қадар пул масраф кардааст

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкНа строительстве трассы
На строительстве трассы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон барои таъмири роҳҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ наздик ба 42 млн. сомонӣ масраф кардааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар 6 моҳи соли 2023 дар самти нақлиёт ва роҳ дар вилояти Хатлон ҳаҷми боркашонӣ 18,3 млн. тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 77,1 млн. нафар расонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 19,4% ва мусофиркашонӣ 12,9% фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 41,9 млн. сомонӣ дар 1356 км роҳҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ шудааст
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад;
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Раиси Хатлон ба соҳибкорони эронӣ коркарди ашёи хоми вилоятро пешниҳод кард
Мақмоти вилояти Хатлон мегӯяд аз ҷумла дар вилоят таъмири асосӣ 48 км роҳ, таъмири ҷории 1119 км роҳҳо ва 88 адад пулу қубурҳо, инчунин сангфаршкунии роҳҳо дар 189 км. гузаронида шуда.
Масъулини вилояти Хатлон илова кардаанд, ки ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорон таъмири асосӣ 38,2 км роҳ, таъмири ҷорӣ 6 км роҳ, 29 адад пулу қубурҳо ва сангфаршкунӣ 176,2 км роҳҳо ҳамагӣ ба маблағи 25,8 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардид.
Лентаи хабарҳо
0