Ҳушдори КҲФ аз селу болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Обуҳавошиносон сокинони кишварро аз сар задани офатҳои табиӣ ва хатари омадани сел дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бад шудани обу ҳава дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржадании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 21-22 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.
Ҳамзамон КҲФ-и кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳавзаи дарёи Панҷ бошад болоравии сатҳи об дар назар аст.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2023
Баъди рафтани Раҳмон сел роҳи Айнӣ-Панҷакентро баст
“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, - ҳудор дод КҲФ.
Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза намоянд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0