Размоиши муштараки Русия ва Чин дар баҳри Ҷопон - видео

Обуна шудан
Дар давоми размоиш маллоҳони нерӯҳои дарёии Русия ва Чин вазифаҳои гузошташуда дар самти кашф ва пас гардондани киштии зериобии номаълумро тамрин карданд
Размоиши муштараки қуввваҳои мусаллаҳи баҳрии Русия ва Чин таҳти унвони "Шимол/Ҳамкорӣ - 2023" баргузор шуданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як иттилоия ва навори размоиши муштарак хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маллоҳони Русия ва Чин тирпарронии муштараки артиллериро анҷом доданд.
Киштиҳои русӣ ҳангоми ҳаракат дар саф аз тӯпҳои 100 мм-ии А-190 ва Ак-100 ба масофаи беш аз панҷ километр ҳадафро тирборон карданд.
Маллоҳони чинӣ бо тупҳои 130 мм H/PJ-38 ва тупҳои универсалии 76 мм ба ҳадафҳо зарба заданд.
Размоиш бо маҷмааи мушакии "Ярс" дар Сибир - видео
Инчунин дар давоми рӯз маллоҳони Флоти дарёии Русия ва Нерӯҳои дарёии Чин вазифаҳои гузошташуда дар бахши ҷустуҷӯ ва танг овардани киштии зериобии номаълумро тамрин намуданд.
Тибқи барномаи размоиш, киштии зериобии душмани шартӣ бо дастгоҳҳои садоии киштиҳо кашф шудааст.
Сипас барои пайгирӣ ва мушаххас кардани киштии зериобӣ чархболи Ка-27ПЛ бо таҷҳизоти гидроакустикӣ ба ҳаво бароварда шуд.
Ба тасмими ҳайати фармондеҳӣ киштии зериобӣ аз минтақаи машқҳо таъқиб ва берун карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0