Фирор аз офат: муҳоҷирати сокинони Суғд аз минтақаҳои хатарнок

© Sputnik Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Давоми 6 моҳи охир беш аз 50 хонавода, ки дар шароити хатарзои табиӣ дар деҳоти Суғд зиндагӣ мекарданд, ба макони ҳамвори ноҳияи Зафаробод кӯч бастаанд
ДУШАНБЕ, 28 – июл Sputnik. Ҳукумати ноҳияи Зафаробод барои дуруст кардани шароити зист барои муҳоҷирон аз минтақаҳои хатарнок, замини наздиҳавлигӣ ва кумакҳои молиявӣ ҷудо кардааст.
Муовини раиси ин ноҳия, Меҳриддин Шарифзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муҳоҷирони табиӣ, ки макони иқомат ноҳияи Зафарободро ихтиёр кардаанд, бештар сокинони навоҳии Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ мебошанд.
"Манзилҳои зисти ин шумор хонаводаҳо дар деҳаҳо дар минтақаҳои аз ҷиҳати офати табиӣ аз ҷумла селхезӣ хавфнок қарор дошт, бинобар ҳамин онҳо дар ҷойҳои ҳамвор дар ноҳияи Зафаробод ҷойгир карда шуданд" – зикр кард Шарифзода.
Ноҳияи Зафаробод дар баробари Данғараи вилояти Хатлон аз навоҳии муҳоҷирпазир дар вилояти Суғд гуфта мешавад, ки сокинон барои беҳтар намудани вазъи зиндагии худ он ҷойро макони нави зисти худ интихоб мекунанд.
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Ҳушдор аз хатари селфароӣ ва тӯфони чангу ғубор дар Тоҷикистон
Дар заминаи қабули Барномаи давлатии муҳоҷирати табиии сокинони Тоҷикистон 415 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст.
Аз ҷумла ҳазор муҳоҷире, ки аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Спитамен ва Деваштич ба ноҳияи Зафаробод кӯчидаанд, барои бунёди манзил бо қитъаҳои замин таъмин карда мешаванд.
Ба ҷузъ релефи номутобиқи ҷуғрофӣ, набуди заминҳои кишт ва машғулияти рӯзгордорӣ аз сабабҳои дигари муҳоҷиршавии сокинон дар ноҳияи Зафаробод арзёбӣ мешавад. Сокинон дар ин ноҳия умдатан ба кишоварзӣ машғул шуда ва ба ҳамин васила рӯзии худро пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0