Интернети 2G дар 95%-и қаламрави Тоҷикистон: Атоев гуфт, бо он чӣ кор кардан мумкин аст?

© Sputnik / Яков Андреев / Гузариш ба медиабонкТаъмири антенаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Таъмири антенаи мобилӣ. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2023
Обуна шудан
Таҳлилу омӯзиши Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нишон додааст, ки дар 95%-и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол буда, сари 5%-и дигар корбарӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шикоятҳо аз деҳоти дурдасти ҷумҳуриро дар бораи сифати пасти интернет ва эҳтимоли анҷом нашудани пардохтҳои ғайринақдӣ бо чунин суръатро шарҳ дод.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, зимни нишасти матбуотии ниҳод ба хабарнигорон гуфт, дар 95% - и қаламрави кишвар алоқаи 2G фаъол аст.
Вай афзуд, барномаи афзоиш додани теъдоди истгоҳҳои базавии JSM ва боло бурдани зарфияти истгоҳҳои мавҷуд аз оғози соли равон шуруъ шуда, низоми кунунии алоқаи мобилӣ имкон медиҳад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ бидуни мушкил анҷом шаванд.
"Исбот карда шуд, ки посттерминалҳо бо суръати интернети 2G қудрати интиқоли пули ғайринақдиро доранд. Мо сари 5% - и дигари манотиқ низ кор карда истодаем”, - гуфт Атоев.
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд
Вай афзуд, бонкҳои кишвар ва бозорҳои электронии байналмилалӣ бо ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати ҳамвор кардани алоқаи қобили қабул ҳамкорӣ доранд.
“Ҷойҳое, ки метавонанд мушкил эҷод кунанд, асосан бархе деҳоти атрофи шаҳру марокизи навоҳӣ, манотиқи наздимарзӣ ва кӯҳистонӣ ҳастанд ва мо бо ворид кардани истгоҳҳои базавӣ асосан сари ҳамин қаламравҳо тамаркуз кардаем”, - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тайи ним соли ахир ҳудуди 443 истгоҳи базавӣ ворид ва насб кардаанд, ки бештарини онҳо ба "Вавилон-Мобайл", "Таком" ва "ТТ мобайл" рост меояд.
Ҳамзамон ҳудуди 60 истгоҳи базавии қаблӣ модернизатсия шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дар саросари Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 28 ҳазору 364 воситаи радиоэлектронӣ насб шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2022 ҳудуди 736 адад, ё 3% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0